Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 26)

Теги: шоир

ҚАБУЛ Абдултании Кашмирӣ

ҚАБУЛ  Абдултании Кашмири (с. тав. номаълум, Кашмир — 1725/26 Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз надимони дарбор ва яке аз дустони наздики шоир Муллошоуи Бадахшӣ будааст. Баъдҳо аз дарбор дурӣ ҷуста, дар қалъаи куҳнаи Деҳлӣ умр ба cap бурдааст. Қ. дар шеъру шоирӣ аз шогирдони Мухлиси Кашмири (ваф. байни с-ҳои 1713—19) …

Муфассал »

ҒУРБАТИИ ҲИСОРӢ

ҒУРБАТИИ ҲИСОРӢ (с. тав. номаълум, Ҳисор — ваф. 1558/59, ш. Аграи Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар зодгоҳаш таҳсил карда, нашъу намо ёфт. Ба тасаввуф таваҷҷуҳ дошт. Ба Ҳиндустон рафта, хидмати дарбори Акбарро ба уҳда гирифт. Девонаш то ҳол дастрас нест. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо омадаанд. Ин байтҳо аз уст: Даҳони …

Муфассал »

ҒУЛОМҶОН Шоҳсолеҳзода

ҒУЛОМҶОН Шоҳсолеҳзода (1888. Мунҷони Афғонистон —1945, деҳаи Баррушони p-ни Рушони ВАБК), шоири халқии тоҷик. Ғ. дар сини даҳсолагӣ аз Мунҷон ба Баррушон оамада, он ҷо муқим шуд. Шеърҳои Б., ки аксар ғазал, мухаммас ва мусаммати мураббаъ мебошанд, дар васфи В. И. Ленин ва ғояҳои абадзиндаи у, большевикон, Ҳукумати Советӣ ва …

Муфассал »

ҒУБОР – Иброҳими Балхӣ

ҒУБОР – Иброҳими Балхӣ (с. тав. номаълум — ваф. 1680/81, Бухоро), шоири тоҷик. Дар Балх таҳсили мадрасаро хатм намуда, ба Ҳиндустон рафт. Дар хидмати дарбор будааст. Сипас, ба Мовароуннаҳр баргашта, дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро мударрис шуд. Ба қавли тазкиранавис Малеҳои Самарқандӣ Ғ. рисолаҳои илмӣ низ таълиф мекард. Ин абьёт аз уст: …

Муфассал »

ҒОФИЛ Муҳаммадмурод ибни Муҳаммадсаид

ҒОФИЛ Муҳаммадмурод ибни Муҳаммадсаид (с. тав. номаълум, деҳаи Ёгеди ҳозира р-ни Қалъаихум — ваф. тақр. 1892, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Ғ. равшан нест. Аз осори адабии Ғ. маҷмуаи ашъоре боқист, ки 800 байташ бо унвони «Қиссаи ҷанги духтари қайсари Рум» дар шакли маснавӣ буда, 19 варақи он …

Муфассал »

ЯКДИЛ Ошӯрмуҳаммад

ЯКДИЛ   Ошӯрмуҳаммад (с. тав. номаълум — ваф. 1855), шоири тоҷик. Дар Бухоро таҳсил кардааст. Аз ҷавонӣ ба ҷараёни нақшбандияи тасаввуф майл дошт. Тасаввуф дар ашъори боқимондаи у, ки дар тазкираву баёзҳои а. 19 омадаанд, нақш гузоштааст. Забони ашъораш содда, тарзи баёнаш дилпазир: Ёди айёме, ин чашмам бар ту дар наззора …

Муфассал »

ЯГОНАИ НАСАФӢ

ЯГОНАИ НАСАФӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 17). Я. Н. дар доираи адабии Бухоро камол ёфт. Малеҳои Самарқандӣ ашъори Я. Н.-ро бисьёр матин ва афкорашро натиҷаи доноию хирадмандӣ гуфта, ба санъатн сухани у баҳои баланд додааст. Бино ба қавли у шеърҳои Я. Н. «аз матлаъ то мақтаъ …

Муфассал »

ЮСУФӢ Ҳабиб

habib-yusufi

ЮСУФӢ Ҳабиб (Юсуфов Ҳабибулло; 4. 2. 1916, Самарқанд—22. 2. 1945, деҳаи Вешнучи назди Варшава), шоири советии тоҷик. Аз оилаи мударрис. Ун-ти Самарқандро хатм кардааст (1940). Дар Ун-ти мазкур аз адабиёти қадими Юнон ва адабиёти а. 19 рус дарс гуфтааст (1939-40). С-ҳои 1940—42 мудири сектори адабиёт ва ходими илмии Ин-ти таърих, …

Муфассал »

ЮСУФИ БАЛОСОҒУНӢ

ЮСУФИ БАЛОСОҒУНӢ (тав. тақр. 1021—с. ваф. номаълум), шоир, олим ва мутафаккири туркзабони Осиёи Миёна. Дар Қошғар таҳсил намуда, ба камол расидааст. Ю. Б. муаллифи яке аз қадимтарин осорӣ адабиёти халқҳои туркзабони Осиёи Мнёна — достони «Қутадғу би-лик» («Китоби бахт», таълифаш 1069, ба забони уйғурии давраи Қарахониён) мебошад. Ӯ нахустин шоирест, …

Муфассал »

Юсуфи Арӯзии Нишопурӣ

ЮСУФИ АРӮЗӢ         Юсуфи Арӯзии Нишопурӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик. Дар ох. а. 10 ва ибт, а. 11 умр ба cap бурдааст. Мувофиқи гуфтаи муаллифи «Ал-Муъҷам» Ю. А. аз адибони замони султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва шоиру назариётчии адабиёт будааст. Сайфӣ дар «Арӯзи Сайфӣ» ном асараш уро …

Муфассал »