Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОҲНЕЪМАТУЛЛОҲ

ШОҲНЕЪМАТУЛЛОҲ

ШОҲНЕЪМАТУЛЛОҲ, Саид Нуриддин ибни Амир Абдуллоҳ (1330, қасабаи Моҳони Кирмон—1431, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Ш. дар ҷавонӣ илмҳои адабиёт, калом, ҳикмат ва фиқҳро омӯхта, ба тасаввуф таваҷҷуҳ намуд. Миср, Маккаву Мадина, Балх ва Мовароуннаҳрро саёҳат кардааст, ки ин сафарҳо дар эҷодиёти у нақши муайян гузоштаанд. Ш. шоири соҳибдевон аст. Девони ашъори у аз 14 ҳаз. байт иборат буда, ғазал, қасида, тарҷеъбанд, маснавӣ, дубайтӣ ва рубоиётро дар бар мегирад. Ҳамчунин рисолаҳои у («Рисолаи истилоҳот», «Рисолаи завқ», «Рисолаи нукот», «Рисолаи маънии ҳастӣ ва нести», «Рисола дар баёни наср», «Рисолаи нур ва маротиби он» ва ғ.),

ки ба забонҳои тоҷикию арабӣ буда, доир ба масъалаҳои тасаввуф, сайру сулук, ахлоқу маориф ва ҳикмат баҳс менамоянл аҳамияти илмиву тарбиявӣ доранд.

С. Воҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …