Маълумоти охирин
Главная / Теги: Фарҳанг (страница 12)

Теги: Фарҳанг

Параллакси Офтоб

parallaksi_oftob

Параллакси Офтоб, парал­лакс и экваториалии уфуқии Офтоб, кунҷест, ки таҳти он радиуси экваториалии Замин аз ма­софаи миёнаи Офтоб намоён аст. Параллакси Офтоб бо усулҳои геометрӣ (тригонометрӣ), динамики (гравитатсионӣ) ва физикӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми истифода бурдани усулҳои геометрӣ мавқеи сайёраҳоро нисбат ба ситораҳо аниқ чен мекунанд. Аз ду расадхонае, ки …

Муфассал »

Параллакси асрӣ

paralaksi_asri

Параллакси асрӣ, ҷойивазкунии кунҷии (солонаи) ситора дар гунбади осмон, ки натиҷаи ҳаракати системаи Офтоб асту дар самти нисбат ба ин ҳаракат амудӣ ба амал меояд. Параллакси асрӣ аз рӯӣ ҷойивазкунии параллаксии бо мурури замон бефосила афзоянда муайян карда меша­вад. Азбаски ситораҳо ҳаракати хоса доранд, Параллакси асриро фақат статистӣ нисбат ба …

Муфассал »

Параллакс

parallaks

Параллакс (юн. рагаllaxis—тамоюл), дар натиҷаи дигар шудани вазъи мушоҳид зохиран тағйир ёфтани мавқеъҳои нисбии предметҳоро гӯяанд. Параллакс дар асбобҳои оптикӣ (масалан, микроскоп) ҳангоми дар пеши окуляр ҳаракат кардани чашми мушоҳид дар мавриди бо ҳамвории тасвире, ки объектив медиҳад, рост наомадани тури сарҳисоб ё риштаи андозагирӣ зоҳир мешавад. Дар астрономия Параллакс …

Муфассал »

Парадигма

paradigma

Парадигма (аз юн. рparadeigma— намуна, мисол), системаи шаклҳои мухталифи як калима, ки шакливазкунии онро аз рӯи категорияҳои грамматикии ба он хос (аз рӯи ҷинс, шумора, падеж тағйир ёфтани исмҳо; шахсу шумора дар феълҳо) ифода менамояд; нақши (сурати) тағйирёбии калима мувофиқи категорияҳои грамматикӣ — тасрифи исмҳо, таорифи феълҳо. Шаклҳои воҳидҳои забон …

Муфассал »

Пара

Пара… (юн. раrа—назди, беруни) қисми аввали калимаҳои мураккаб, ки маъиои ҳамшафат будан ва инчунин ихтилол ё аз меъёр дур шу­дани чизеро (масалан, парабиоз, парамагнетизм) ифода мекунад.

Муфассал »

Папирус

papirus

Папирус, як навъ гиёҳ аст, ки дар давраҳои қадим аз он барои хатнависӣ материал тайёр мекарданд. Дастхати дар ин материал навиштаро низ Папирос гӯянд. Папирос чун материали хатнависӣ дар Мисри Қадим тақрибан дар аввали ҳазораи 3 то мелод ихтироъ гардид ва миёнаҳои ҳазораи 1 то мелод ба дигар мамлакатҳои баҳри …

Муфассал »

Панҷара

panjara

Панҷара, Чузъи ороишиест дар санъати меъморӣ. Дар, дариҷа, равзана, байни рафу сутунҳо, айвон, зинаи биноҳои маъмурӣ, маданӣ ва ҷамъиятиро бо Панҷара оро медиҳанд. Панҷара асосан хоси меъмории Шарқ, алалхусус мамлакатҳои иқлимаш гарм аст (Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва мамлакатҳои Шарқи Наздик), ки ҳам вазифаи ороишӣ, ҳам хосияти ҳавогузарони, рушноидиҳӣ …

Муфассал »