Маълумоти охирин
Главная / Теги: математика

Теги: математика

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои гуногун дорад: 1) мафҳумҳои ҳамворӣ, бисӣёррӯя, инчунин баъзе сатҳҳои каҷро дар геометрияи мактабӣ меомӯзанд. Ҳар як Сатҳи каҷ бо усули махсус, бештар чун ҷои геометрни нуқтаҳое, ки ягон шартро қонеъ мегардонанд, таъриф дода мешавад. Масалан, …

Муфассал »

САТҲИ РИМАН

САТҲИ РИМАН яке аз мафҳумҳои асосии назарияи функсияҳои тағйирёбандаҳояш комплексист. Ин мафҳумро соли 1851 Б. Риман бо мақсади ба ҷои функсияҳои бисёрқимата омӯхтани функсияҳои таҳлилии якқиматаи нуқта дар сатҳҳои римании мувофиқ ба математика дохил кардааст. Нигаред, низ Функсияҳои таҳлилӣ.

Муфассал »

РОТОР дар математика

РОТОР дар математика, муродифи мафҳуми гирдбоди майдони векторӣ. Характеристикаи вектории «ташкилдиҳандаҳои даврзананда»-и майдони А-ро гирдбоди майдони вектории А меноманд. Роторро метавон чунии шарҳ дод. Бигзор А майдони суръатҳои ҷараёни моеъ бошад. Дар нуқтаи додашудаи ин ҷараён чархаки паррадореро ҷой дода, меҳвари онро мувофиқи rot А дар ҳамин нуқта самт медиҳем.

Муфассал »

РОМБОЭДР

rr

РОМБОЭДР (аз ромб ва юнонӣ hedra — асос, рӯя), дар математика, параллелепипедест, ки ҳамаи рӯяҳояш аз ромбҳои баробар иборатанд.

Муфассал »

РОМБ

romb

РОМБ (аз юнонӣ rhombos), дар математика, чоркундаи ҳамворест, ки тарафҳояш баробаранд (ниг. расм). Ромбро метавон чун ҳолати хусусии параллелограмм донист, ки дар он ё ду тарафи ҳамсоя баробаранд, ё диагоналҳо байнан перпендикуляранд, ё диагонал кунҷдоро ба ду ҳиссаи I баробар тақсим мекунад. Pомби кунҷҳояш рост квадрат ном дорад.

Муфассал »

РИЁЗИЁТ

matematika

РИЁЗИЁТ (арабӣ— ҳисоб), илми ҳисоб, илмест, ки аз миқдор ва адад баҳс мекунад. Нигаред, Математика.

Муфассал »

РЕШАБАРОРӢ

reshai-math

РЕШАБАРОРӢ, амали алгебравиест, баръакси амали дараҷабардорӣ. Аз решаи дараҷаи п-ум баровардани адади а гуфта ёфтани чунин адад (ё ададҳо)-и х-ро меноманд, ки дар мавриди ба дараҷаи п-уи бардоштани он адади додашуда ҳосил шавад (хп — а); адади х (ишораташ П/~г- У о) реша, п нишондиҳандаи реша, а ифодаи таҳтиреша ном …

Муфассал »

РЕША дар математика

reshai-math

РЕША дар математика, 1) Решаи дараҷаи п аз адади а гуфта чунин адади х (ишораташ у в)-ро гӯянд, ки дараҷаи п-уми он ба а ба- робар аст. Худи амали ёфтани Р- ро решабарорӣ меноманд. Решаи да- раҷал дуюмро одатаи решаи квадратӣ, Решаи дараҷаи сеюмро решаи кубӣ меноманд. Масалан», У49 = …

Муфассал »

ХАРАКТЕРИСТИКА дар математика

ХАРАКТЕРИСТИКА дар математика, қисми бутуни логарифми даҳиро гӯянд. Масалан, 1g 300= 2,4771, ин ҷо 2 барои 1g 300 характеристика аст; 1g 0,3 =1,4771, ин ҷо 1 = —1 барои 1g 0,3 характеристика аст.

Муфассал »