Маълумоти охирин
Главная / Теги: гиёҳ (страница 4)

Теги: гиёҳ

ТУРБ

390x

ТУРБ, турф, туруб, фиҷл (Rashanus sativus var. sativus), гиёҳи як-дусолаест аз оилаи чилликгулҳо як навъ сабзарвоти бехмевагист, Бехаш гуногуншакл (дарозрӯя, лӯнда ва ғайра), сафед, гулобӣ, сиёҳ ва сурх, сермағзу сероб; вазни яктоаш то 5 кг мешавад. Турб сабзавоти дӯстдоштаи тоҷикон аст. Таъмаш хуш ва каме тунд аст. Сабзавоти парҳезӣ ва …

Муфассал »

ТУГМАЧАГУЛ

tuxmchagul

ТУГМАЧАГУЛ, мӯбофак, панирак (Маlvа), гиёҳи як ё бисёрсолаест аз оилаи тугмачагулҳо. Тугмачагул эсосан чун алафи бегона дар назди бошишгоҳ, киштзору боғ, баъзан дар пахтазору ҷангал месабзад. Дар Тоҷикистон 8 намуди тугмачагул вомехӯрад: М. mauritiana (асосан дар ноҳияҳои шимолӣ ва ҷануби республика, баъзан дар Помири Ғарбӣ нумӯ меёбад. Растании ороишӣ ва …

Муфассал »

ТОРОН

toron

ТОРОН, тору торонак, торони даббоғӣ (Роlygonym соriarium), як навъ гиёҳи худрӯест (аз оилаи торониҳо). Пояаш сершох, то 1,8 м қад мекашад. Моҳҳои июн — август гул карда тухм мебандад. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон гиёҳи маъмул аст. Одатан дар минтақаи буттаву бешазор ва ноҳияҳои субалпӣ ва ғайра (1200—3400 м …

Муфассал »

ТОПИНАМБУР

1300_34604_big

ТОПИНАМБУР, ноки заминӣ (Неliantus (tuberosus), гиёҳест ба офтобпараст монанд (аз оилаи мураккабгулҳо). Пояаш рост, сербарг, то 2,5 м (дар ноҳияҳои ҷануб баъзан то 4 м) қад мекашад. Топиамбури худрӯй дар Америкаи Шимолӣ мерӯяд . Онро бори аввал ҳиндиҳои Америка кишт кардаанд. Топиамбурро соли 1612 ба Европа оварданд. Дар Россия Топиамбурро …

Муфассал »

ТИРМИС

lupinus_polyphyllus1

ТИРМИС, лупин (lupinus), як ҷинси гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Пояаш рост, то 1,5 м қад мекашад. Баргаш паршакл, гулаш зард, сафед, кабуд, ғилофакаш серпашмаки ҷигарранги асосан 3—5 тухма. Дар дунё 200 намуди Тирмиси худрӯй месабзад. Дар СССР 4 намуди Тирмис (L Angustifoliua, нигаред расм, L Albus, L …

Муфассал »

ТАРХУН

tarxun

ТАРХУН, тарахун, ғудурм, ғулур, ғурдунг, ғудан, ғулар, эстрагон (Аrtemisia dracunculus), гиёҳи худрӯи бисёрсолаест аз ҷинси шибоғ (оилаи мураккабгулҳо). Онро чун сабзавот низ мепарваранд. Пояаш рост ё каме хамида, сершох, то 120 (Тархуни кишта 150—185) см қад мекашад. Баргаш нештаршакл, баъзан сепарра (дарозиаш 3,5—8 см, бараш то 0,5 см), хӯшагулаш «сабатак»-и …

Муфассал »

ТАРАТЕЗАК

taratezak

ТАРАТЕЗАК, тартезак, хурф, суффо (Lepidium satium), гиёҳи яксолаест аз оилаи чиликгулҳо; як навъ сабзавотест, ки таъми тунд дорад. Пояаш рост, 30—60 ом қад мекашад. Баргаш пармонанд, гулаш майда, сафед, бунафш ё гулобӣ, ғилофакаш гирда ё байзашакл, тухмаш майдаи ҷигарӣ ё сурхтоб. Таратезак аз тезрастарин сабзавот аст. Тухми онро аввали баҳор …

Муфассал »

ТАМОКУ

0357531.jpg

ТАМОКУ, танбоку (Nicotiana), ҷинси гиёҳҳои яксола ва буттаест аз оилаи авранҷиҳо. Баргаш бедандона, гулаш гуногунранг, ғӯзааш сертухм. Дар дунё беш аз 60 намуди тамоку мерӯяд. Дар СССР 2 намуди онро мепарваранд. Дар бисёр кишварҳои дунё чун гиёҳи нашъамандӣ кишт мекунанд. Баъзан аз тамокуи худруй низ чилим тайёр мекунанд. Баъзе навъҳои …

Муфассал »

Талхакгиёҳ

post-12150-1415477444

ТАЛХА, талхак, талхакгиёҳ (Асportilon), як ҷинси гиёҳҳои талхро гӯянд, ки ба оилаи мураккабгулҳо мансуб аст. Хеле чуқур реша меронад (то 6 м). Пояаш рост, сершохубарг, то 60 см қад мекашад. Баргаш майдаи борики нӯгтез, шукуфааш гулобӣ ё бунафши гулобӣ, найчашакл, дуҷинса (июн-июл мешукуфад). Июл август тухм мебандад. Талха ду навъ …

Муфассал »

ТАБОШИР

taboshir

ТАБОШИР, тавоҳшир, табаҳшир, 1) хайзарон, хайзурон, хизурон, найи ҳиндӣ, бомбу, бомбук (Ваmbusa, Ваmbusaseae), гиёҳҳои хӯшадори дарахтмонандеро гӯянд, ки бо номи хайзурон маъмуданд. Асосан дар ноқияҳои тропикӣ ва субтроппкии Осиё, Африка ва Америка мерӯянд; 2) як навъ моддаи сафедест, ки аз мағзи найи ҳиндӣ — хайзурон гиранд ва он хусусияти давоӣ …

Муфассал »