Маълумоти охирин
Главная / Теги: гиёҳ (страница 2)

Теги: гиёҳ

ХАШХОШ

pixabay1_d_850

ХАШХОШ, кӯкнор (Рагаraver somniferum) як навъ гиёҳ, ки хусусияти нашъабахшӣ ва хобоварӣ дорад, аз тухмаш равған мекашанд ва аз ширааш тарёк мегиранд; мувофиқи таснифоти ботаникӣ растании яксолаву заҳрнокест мансуби оилаи хашхошиҳо. Пояаш рост (то 150 см қад мекашад), сербарг. Гулаш Хашхош ва ғӯзаи он калони қадаҳшакли хушранг сафед, гулоби, сурх, …

Муфассал »

ХАСАКИ ОБӢ

35542

ХАСАКИ ОБӢ, кастонаи обӣ, чилим, чормағзи аҷина (Trapa natans), як навъ гиёҳест обӣ (аз оилаи хасакобиҳо — Тгарасеае). Пояи он (дарозиаш 2—4 м) тавассути «чормағз» (хасак)-и лангармонанд ва решаҳои бӯртоби риштамонандаш растаниро аз қаъри об маҳкам мекунад. Дар вақтҳои обхезӣ пояҳои он аз қаъри об канда мешаванд ва дар об …

Муфассал »

ХАРҒУЛ

ХАРҒУЛ, харғула, гиёҳест баргаш монанди гӯши хар, вале бориктар аз он ва ду канори баргаш хордор, ки обаш ҷароҳати тозаро зуд ба ҳам орад ва шарбаташ барои сил нофеъ аст.

Муфассал »

ХАРДАЛ

xardal

ХАРДАЛ, ҳардал (Вгаssica junsea), гиёҳи яксолаест аз оилаи чилликгулҳо. Пояаш сершох, аз 50 то 150 см қад мекашад. Гулаш майдаи зард, ғилофакаш зуғӯташакл, нӯгаш борики дарафшмонанд, тухмаш майда, зардтоб, ҷигарӣ ё сиёҳтоб (вазни 1000 донааш 1,8—4,5 г). Xардал зироати сармобардор аст. Давраи нашваш (барои дон) 90—140 рӯз; барги навъҳои сабзавотии …

Муфассал »

ХАРГУШАК

xargushak

ХАРГУШАК, гули харгӯш, энотера, онагра (Оепоthera), як ҷинси гиёқҳоро гӯянд (аз оилаи Оenothera). Баргаш дар поя пайдарқам ҷой мегирад, гулаш қифшакл, мевааш ғӯза. Тақрмбан 200 намуди харгушак бештар дар ноҳияҳои иқлимашон мӯътадили Америка мерӯяд. Дар СССР 5 намуди харгушак нумӯ мекунанд. Баъзе намудҳои харгушак мавриди тадқиқоти генетикӣ шудаанд. Ботаники голландӣ …

Муфассал »

ХАРДУМА

ХАРДУМА, 1) хардумак (Dastulis- glomerata), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Пояаш сахту рост (тақрибан 1 м), сербарг. Дар Тоҷикистон хардумаҳои худрӯй ҷузъи таркибии набототи гуногуни ноҳияҳои кӯҳсор (1100—2800 м аз сатҳи баҳр) ҳисоб меёбад. Дар қисми марказии қаторкӯҳи Ҳисор, нишебиҳои шимоли кӯҳи Рангон ва мавзеи Ховалинг марғзорҳои калони хардума ҳастанд. …

Муфассал »

ХАЙЗУРОН

taboshir

ХАЙЗУРОН, хайзарон, хизурон, найи ҳиндӣ, табошир, бомбу, бомбук, як навъ гиёҳи хӯшадори дарахтмонандест, ки аз он табошир мегиранд; як ҷинс (Ваmbusa) ва зероилаи гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаи хӯшадор — хайзурониҳо (Ваmbusoidae)-ро гӯянд. Аксари ҳайзурониҳо реша, поя доранд. Пояи онҳо одатан чӯбмонанд ва банд-банд мешавад. Хайзурониҳои Америкаи Ҷанубӣ (Ваmbusa) то 30 …

Муфассал »

ФАРАНДАЛ

farandal

ФАРАНДАЛ (Lythrum), як ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаест аз оилаи фарандалищо. Пояаш рост, Ю—36 см қад мекашад, гулаш бунафш, гулобӣ ё сурхтоб, ғӯзааш дупаллаи сертухм. Дар СССР 13 (аз ҷумла дар Тоҷикистон 6) намуди фарандал ҳамчун алафи бегона дар заминҳои обӣ, шолизор, қадқади ҷӯйҳо ва ғайра. мерӯяд. Фарандал моддаҳои даббоғӣ …

Муфассал »