Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИҲОБУДДИНИ БАДОУНӢ

ШИҲОБУДДИНИ БАДОУНӢ

ШИҲОБУДДИНИ БАДОУНӢ (маъруф ба Шиҳоби Маҳмара, мутахаллис ба Шиҳоб (с. тав. ва ваф. номаълум), шоир ва донишманди форсизабони ох. а. 13— ибт. а. 14 Ҳиндустон. Дар назди падараш ва донишмандони замонаш илм омӯхтааст. Ш. Б. аа давраи ҷавонӣ ба тасаввуф майл намуда, пайрави силсилаи чиштия шуд.

Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ Ш. Б. адиби сермаҳсул будааст, вале ҳамаи асарҳои у то замоин мо боқӣ намондаанд. Дар тазкираи «Арафот-ул-ошиқин»-и Тақии Авҳадӣ (а. 17) аз осори у тақр. 1000 байт оварда шудааст. Бештари ашъори боқимондаи Ш. Б. қасидаҳо мебошанд, ки мавзуъ ва мазмунҳои фалсафию ирфонӣ, андешаҳо оид ба олами ҳастӣ, зарурати накукорӣ ва хайру саховатро дар бар мегиранд. Ш. Б. донандаи моҳири санъатҳои бадеии назми классикии форс-тоҷик буд. Вай якчанд қасидаи маснуъ дорад, ки дар онҳо санъатҳои бадеии гуногунро устодона истифода кардааст.

Ш. Б. дар тарбияи адибони соҳибзавқ ва барқарор намудани пояи адабиёти форсизабони Ҳиндустон саҳми намоёне гузоштааст. Шоирони машҳури он давр Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Зиёуддини Нахшабӣ аз ҷумлаи шогирдони у мебошапд. Аксар достонҳои «Хамса»-и Амир Хусравро Ш. Б. таҳрир намудааст.

Ад.: Алиев Г. Ю., Персоязычная литература Индии, М., 1968;

А.Алимардонов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …