Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИХОБУДДИНИ БАДОУНИ

ШИХОБУДДИНИ БАДОУНИ

ШИХОБУДДИНИ БАДОУНИ (маъруф ба Шихоби Махмара, мутахаллис ба Шихоб (с. тав. ва ваф. номаълум), шоир ва донишманди форсизабони ох. а. 13— ибт. а. 14 Хиндустон. Дар назди падараш ва донишмандони замонаш илм омухтааст. Ш. Б. аа давраи чавони ба тасаввуф майл намуда, пайрави силсилаи чиштия шуд.

Мувофики маълумоти маъхазхои адаби Ш. Б. адиби сермахсул будааст, вале хамаи асархои у то замоин мо боки намондаанд. Дар тазкираи «Арафот-ул-ошикин»-и Такии Авхади (а. 17) аз осори у такр. 1000 байт оварда шудааст. Бештари ашъори бокимондаи Ш. Б. касидахо мебошанд, ки мавзуъ ва мазмунхои фалсафию ирфони, андешахо оид ба олами хасти, зарурати накукори ва хайру саховатро дар бар мегиранд. Ш. Б. донандаи мохири санъатхои бадеии назми классикии форс-точик буд. Вай якчанд касидаи маснуъ дорад, ки дар онхо санъатхои бадеии гуногунро устодона истифода кардааст.

Ш. Б. дар тарбияи адибони сохибзавк ва баркарор намудани пояи адабиёти форсизабони Хиндустон сахми намоёне гузоштааст. Шоирони машхури он давр Амир Хусрави Дехлави ва Зиёуддини Нахшаби аз чумлаи шогирдони у мебошапд. Аксар достонхои «Хамса»-и Амир Хусравро Ш. Б. тахрир намудааст.

Ад.: Алиев Г. Ю., Персоязычная литература Индии, М., 1968;

А.Алимардонов

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.