Патрисийҳо (лотинӣ patricii, аз pater— падар), аввалҳо дар Рими Қадим шояд ҳамаи аҳолии тагҷоиро мегуфгаанд, ки халқи Римро ташкил медод ва ба плебейҳо муқобил меистод. Дар давраҳои ташаккули чамъияти синфӣ ва давлат (охири асри6 то милод) Патрисийҳо ба синф-табақаи ҳукмрони Республикаи Рим табдил ёфтанд; асоси иқтидори иқтисодии онҳоро ҳуқуки номаҳдуд ба истофодаи замин ташкил медод.
Баъди дохил шудани плебейҳо ба ҳайати халқи Рим ва бо Патрисийҳо баробарҳудуд гардидан (ибтидои асри 3 то милод) табақаҳои ашроф ба ҳам омехта нобилитетро ба вуҷуд оварданд. Дар давраи империя патрисиати нав — қисми боимтиёзи табақаи сенаторҳо пайдо шуд. Ба ҳайати он шахсони император пешбарикарда дохил мешуданд.