Орбели Леон (Левон) Абгарович (7. 7. 1882, Ереван — 9. 12. 1958, Ленинград), физиологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1935; аъзо-корреспондент 1932), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон (1943), академики АИТ СССР (1944), Ҳодими Хизмат- нишондодаи Илми РСФСР (1934),
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945), генерал- полковники хизмати тиббӣ. Бародари И. А. Орбели. Соли 1904 Академики ҳарбию тиббии Петербургро хатм кардааст. Солҳои. 1907—20 ҳодими Институти тиббии таҷрибавӣ, 1918—57 роҳ- бари лабораторияи физиологияи Инсттути илмии ба номи П. Ф. Лесгафт ва дар як вақт роҳбари як қатор институтҳои тадқиқоти илмии Академияи Фанҳои СССР ва АИТ СССР.
Солҳои 1939—48 академик- котиби Шуъбаи илмҳои биологӣ ва 1942—40 ноиби президенти Академияи Фанҳои СССР буд. Орбели дар омӯзиши функсияи физиологӣ принсипҳои дарвинизмро муттасил истифода бурда, соҳаи нави илм — физиологияи эволютсиониро инкишоф дод. Системаи асаби симиатикиро тадқиқ намуда, функсияи мутобикату тағзиявии онро ошкор намуд. Орбели нишон дод, ки майнача на фақат координасияи муҳаррикии организмро идора мекунад, балки функсиям вегетативии онро низ ба танзим медарорад. Ӯ бо ин таълимоташ тасаввуроти навро оид ба функсияи майнача асоснок кард ва дар ҳалли масъалаҳои дард, физиологияи анализаторҳо, тибби кайҳонӣ, инчунин таъсири марказҳои зериқишрӣ ба ҳолати функсионалии қишри мағзи cap, таъсири мутақобили системаҳои афферентӣ (ҳис) ва ғайра саҳми босазо гузошт.
Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941) ва Мукофоти ба номи И. П. Павлови Академияи Фанҳои СССР (1937); аъзои Ҷамъияти биологии Париж; 1930 аъзои Академияи табиатшиносони «Леополдина»-и Германия (1931) ва дигар Академияи Фанҳо ва ҷамъиятҳои хориҷа. Бо 4 ордени Ленин, 4 ордени дигар, ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Асос: Избранные труды, Том 1—5, Москва— Ленинград, 1961—68.
Адабиёт: Л е й б с о н Л. Г., Леон Абгарович Орбели, Ленинград, 1973.