Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Новоселсев Михаил Иванович

Новоселсев Михаил Иванович

Новоселсев Михаил Иванович (1900, деҳаи Покровка, ҳозира райони Можайский, вилояти Рязан — 1967, Ду­шанбе), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944), ефрей­тор. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1946. Соли 1919—1922 дар Ҷанги гражданӣ иштирок намуд. Соли 1929 ба Тоҷикистон омада, дар сохтмон дуредгар шуда кор кард. Новоселсевро сентябри 1941 ба сафи Армияи Советӣ даъват карда, ба дивизияи саворае, ки дар республика ташкил мешуд, фиристоданд.

Дивизия роҳи ҷангии худро аз муҳорибаи Сталинград cap кард. Сентябри 1943 дивизияи мазкур ҷангкунон то Днепр расид. Эскадроне, ки дар назди Чернигов меҷангид, фармон гирифт, ки аз дарёи Синов гузашта, деҳаи Клачковоро ба даст орад. Батареяи миномётҳои душман убургоҳро бошиддат тирборон мекард. Новоселсев ба мавқеи батарея хазида рафт, якчанд граната партофту душманро якҷоя бо расчёти ӯ маҳз кард. Эскадрон бе ягон талафот аз дарё гузашта, фашистонро аз деҳа зада баровард. Шаби 28 сентябри 1943 ба Новоселсев фармон шуд, ки бо расчёти пулемёт ба соҳили рости дарёи Днепр гузашта, убургоҳро мудофиа намояд. Ӯ фармонро иҷро ва душманро аз мавқеъ зада пеш кард. Ин амалиёт имкон дод, ки ҳамаи подразделенияҳои полк дар вақти муайян аз дарёи Днепр гузаранд. Баъди ҷанг соли 1945 Новоселсев ба Душанбе баргашта, дар идораҳои сохтмон вазифаҳои мухталифро ба ҷо овард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …