Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Новиков Пётр Сергеевич

Новиков Пётр Сергеевич

Новиков Пётр Сергеевич (таввалудаш 28. 08. 1901, Москва—09. 01. 1975, Москва), математики советӣ, академик АФ СССР (1960). Унститути Москваро хатм намуд (1925). Солҳои 1929—1934 дар Институти технологияи химиявии Москва кор кард. Аз соли 1934 дар Институти математикаи ба номи В. А. Стеклови АФ СССР тадқиқот мебарад (аз 1957 мудири шӯъбаи мантиқӣ математики). Асарҳои асосии Новиков ба назарияи маҷмӯъҳо, мантиқи математики, назарияи алгоритмҳо ва назарияи гурӯҳҳо оиданд.

Методи басо саҳеҳи тадқиқи проблемаи дескриптивии назарияи маҷмӯъҳоро ба вуҷуд овард, ки бо номи «Принсипи муоисаи индексҳо» маъмул гаштааст. Дар асоси мафҳуми формулаи регулярӣ усули исботи зиддият надоштани системаҳои формалиро бунёд намуд. Дар назарияи гурӯҳҳо ҳалнопазирии про­блемаи айният, хамроҳшавандагӣ ва изоморфизмро исбот кард. Якҷоя бо шогирдаш С. И. Адян проблемаи Бернсайдро дар бораи гурӯҳҳои даврӣ ҳал намуд. Новиков асосгузори мактаби мантики математикӣ дар СССР мебошад. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1957) аст. Бо 2 ордени Ленин, орде­ни Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад. Пётр Сергеевич Новиков, Успехи математических наук, 1971, т. 26, в. 5.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …