Ниёзӣ Фотеҳ (таваллудаш 18. 04. 1914, Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1941. Ходими Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1970). Иштирокчин Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 1945). Омӯзишгоҳи педагогӣ (1929) ва шӯъбаи шабонаи Институти педагогии Тошкентро (1950) хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиаш аз ибтидоисолҳои 30, аз кори идораи газетаи ӯзбекии «Ленин йӯли» ва газетаи тоҷикии «Ҳақиқати Ӯзбекистан» (ҳар ду дар Самарқанд) оғоз шудааст. Соли 1934 Ниёзӣ ба Сталинобод омад. Аввал дар «Бораи маорифи коммунистӣ» («Газета мууаллимон») баъд дар «Тоҷикистони Сурх» котиби масъул буд. Декабри 1941 ихтиёран ба фронт рафт. Солҳои ҷанг агитатор-пропагандист, муҳаррири масъули газетаи «За родину!» («Барои Ватан!»), ҷонишини муҳаррири газетаи «Красноармейская правда» («Ҳақиқати Армияи сурх») буд.
Баъди ҷанг ба сифати ҷонишини муҳаррири газетаи округи ҳарбии Туркистон — «Фрунзевец» («Фрунзечӣ») кор кард. Пас аз соли 1950 баъди озод шудан аз хизмати ҳарбӣ, бо корҳои эҷодӣ ва маъмурӣ машғул гардид: солҳои 1950—1952 котиби масъул, 1952—1959 муҳаррири журнали «Шарқи сурх», 1953—1968 котиби Правленияи ИН Тоҷикистон, 1968—1970 ҷонишини раиси Комитети давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва рядиошунавони, 1970—1978 котиби Правленияи ИН Тоҷикистон.
Ниёзӣ фаъолияти эҷодии худро аз навиштанн шеърҳои ӯзбекӣ cap кардааст. Нахустин шеърҳояш дар саҳифаҳои газетаҳои вилоятии Самарқанд ва газетаи республикавӣ — «Ёш ленинчи» («Ленинчии ҷавон») ва «Ленин йӯли» («Роҳи Ленин») чоп шудаанд. Се маҷмӯаи ашъори ӯзбокиаш: «Маяк» (1933), «Бу кунпинг ғазали» («Ғазали имрӯз», 1938), «Севги» («Муҳаббат», 1940) ба табъ расидааст. Эҷодиёти тоҷикии Ниёзӣ дар ибтидои солҳои 30 оғоз ёфтааст ва ӯ асосан асарҳон насрӣ менависад. Муборизаи халқи советӣ бар зидди фашизми Германия мавзӯи асосии эҷодиёти ӯ қарор гирифтааст.
Маҳсули адабии ӯ дар солҳои ҷанг маҷмӯаи очерку ҳикояҳои «Интикоми тоҷик» (1947) аст, ки аксари онҳо дар майдони ҳарб эҷод шудаанд ва каҳрамононашон худи ҷанговаронанд. Аввалин романи Ниёзӣ «Вафо» (ҷ. 1, 1949, ҷ., 2, 1958), ки дар он ҷонбозиҳои фарзандони халқи тоҷик ва дигар халқҳои советӣ дар фронт, меҳнати фидокоронаи колхозчиён дар ақибгоҳ тасвир шудааст, ба нависанда шӯҳрат овард. Ин роман соли 1977 дар солонаи Рӯзи Ғалабаи халқи советӣ бар фашизм сазовори мукофоти умумииттифоқии адабии ба номи Александр Фадеев гардидааст; повести «Духтари ҳамсоя» (1955) дар эҷодиёти нависанда мавқеи хос дорад. Повести мазкур масъалаи озодии занонро дарбар мегирад. Асари дигарн Ниёзӣ— «Ҳиссае аз қиссаҳои ҷанг» (1962), ки аз силсилаи ҳикояҳо фароҳам омадааст, асосан хусусияти ёддоштӣ дошта, қаҳрамонии ҷанговарони советиро инъикос менамояд.
Ҳиикояву очеркҳои маҷмӯаи «Дирӯз, имрӯз, фардо» (1964) дар мавзӯъҳои аиёми мо эҷод шудаанд. Соли 1974 романи нави Ниёзӣ— «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» (Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, 1977) аз чоп баромад. Роман ба муборизаи баҳодуроная партизанҳои советӣ ба муқобили фашистони истилогар бахшида шуда, воқеоти он дар бешазори Белоруссия ҷараёп мегирад. Ба қалами Ниёзӣ инчунин пэсаҳои «Ватандӯстон» (1938, ҳамроҳи Самад Ғанӣ), «Кӯпрук» (1969), киностсенарияҳои «Духтари саввум» (аз рӯи повести «Духтари ҳамсоя», ҳамроҳи И. Филимонова), «Корубори оилаи Ғаюровҳо» (1975, ҳамроҳи А. Стругатский) тааллуқ доранд. Чанд асари бадеӣ, аз ҷумла романи нависандаи румин М. Садовяну «Митре Кокор» ва романҳои навнсандаи ӯзбек Ш. Рашидов «Ғолибон» ва «Зуртар аз бӯрон»-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ниёзӣ аъзои Комиссияи марказии адабиёти ҳарбии бадеии ИН СССР, аъзои Правленияи нашриёти «Советский писатель», аъзои Правленияи фонди адабии СССР мебошад. Аз соли 1938 узви ИН СССР, аз соли 1952 аъзои Правленияи ИН Тоҷикистон ва президиуми он мебошад. Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», ёздаҳ медали ҷангӣ ва меҳнатӣ ва се Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ос.: Асарҳои мунтахаб, ч- 1—4, Д., 1974—78.
Ад.: Очерк история таджикской советской литературы, М.,