Маълумоти охирин

Ниёзи Фотех

Ниёзи Фотех (таваллудаш 18. 04. 1914, Са­марканд), нависандаи советии точик. Аз оилаи хизматчи. Аъзои КПСС аз соли 1941. Ходими Хизматнишондодаи Маданияти РСС Точикистон (1970). Иштирокчин Чанги Бузурги Ватани (1941— 1945). Омузишгохи педагоги (1929) ва шуъбаи шабонаи Институти педагогии Тошкентро (1950) хатм намуд. Фаъолияти мехнатиаш аз ибтидоисолхои 30, аз кори идораи газетаи узбекии «Ленин йули» ва газетаи точикии «Хакикати Узбекистан» (хар ду дар Самарканд) огоз шудааст. Соли 1934 Ниёзи ба Сталинобод омад. Аввал дар «Бораи маорифи коммунисти»    («Газета мууаллимон») баъд дар «Точикистони Сурх» котиби масъул буд. Декабри 1941 ихтиёран ба фронт рафт. Солхои чанг агитатор-пропагандист, мухаррири масъули газетаи «За родину!» («Барои Ва­тан!»), чонишини мухаррири газетаи «Красноармейская правда» («Хакикати Армияи сурх») буд.

Баъди чанг ба сифати чонишини мухаррири га­зетаи округи харбии Туркистон — «Фрунзевец» («Фрунзечи») кор кард. Пас аз соли 1950 баъди озод шудан аз хизмати харби, бо корхои эчоди ва маъмури машгул гардид:   солхои 1950—1952 котиби масъул, 1952—1959 му­харрири журнали «Шарки сурх», 1953—1968 котиби Правленияи ИН Точикистон, 1968—1970 чонишини раиси Комитети давлатии Совети Вазирони РСС Точикистон оид ба телевизион ва рядиошунаво­ни, 1970—1978 котиби Правленияи ИН Точикистон.

Ниёзи фаъолияти эчодии худро аз навиштанн шеърхои узбеки cap кардааст. Нахустин шеърхояш дар сахифахои газетахои вилоятии Самар­канд ва газетаи республикави — «Ёш ленинчи» («Ленинчии чавон») ва «Ленин йули» («Рохи Ленин») чоп шудаанд. Се мачмуаи ашъори узбокиаш: «Маяк» (1933), «Бу кунпинг газали» («Газали имруз», 1938), «Севги» («Мухаббат», 1940) ба табъ расидааст. Эчодиёти точикии Ниёзи дар ибтидои солхои 30 огоз ёфтааст ва у асосан асархон насри менависад. Муборизаи халки совети бар зидди фашизми Германия мавзуи асосии эчо­диёти у карор гирифтааст.

Махсули адабии у дар солхои чанг мачмуаи очерку хикояхои «Интикоми точик» (1947) аст, ки аксари онхо дар майдони харб эчод шудаанд ва кахрамононашон худи чанговаронанд. Аввалин романи Ниёзи «Вафо» (ч. 1, 1949, ч., 2, 1958), ки дар он чонбозихои фарзандони халки точик ва дигар халкхои совети дар фронт, мехнати фидокоронаи колхозчиён дар акибгох тасвир шудааст, ба нависанда шухрат овард. Ин роман соли 1977 дар солонаи Рузи Галабаи халки совети бар фа­шизм сазовори мукофоти умумииттифокии адабии ба номи Александр Фадеев гардидааст; повести «Духтари хамсоя» (1955) дар эчодиёти на­висанда мавкеи хос дорад. Повести мазкур масъалаи озодии занонро дарбар мегирад. Асари дигарн Ниёзи— «Хиссае аз киссахои чанг» (1962), ки аз силсилаи хикояхо фарохам омадааст, асосан хусусияти ёддошти дошта, кахрамонии чанговарони советиро инъикос менамояд.

Хиикояву очеркхои мачмуаи «Дируз, имруз, фардо» (1964) дар мавзуъхои аиёми мо эчод шудаанд. Соли 1974 романи нави Ниёзи— «Хар беша гумон мабар, ки холист» (Мукофоти давлатии РСС Точикистон ба номи Рудаки, 1977) аз чоп баромад. Роман ба муборизаи баходуроная партизанхои совети ба мукобили фашистони истилогар бахшида шу­да, вокеоти он дар бешазори Бело­руссия чараёп мегирад. Ба калами Ниёзи инчунин пэсахои «Ватандустон» (1938, хамрохи Самад Гани), «Купрук» (1969), киностсенарияхои «Духтари саввум» (аз руи повести «Духтари хамсоя», хамрохи И. Филимо­нова), «Корубори оилаи Гаюровхо» (1975, хамрохи А. Стругатский) тааллук доранд. Чанд асари бадеи, аз чумла романи нависандаи румин М. Садовяну «Митре Кокор» ва романхои навнсандаи узбек Ш. Рашидов «Голибон» ва «Зуртар аз бурон»-ро ба точики тарчума кардааст. Ниёзи аъзои Комиссияи марказии адабиёти харбии бадеии ИН СССР, аъзои Правленияи нашриёти «Советский писа­тель», аъзои Правленияи фонди адабии СССР мебошад. Аз соли 1938 узви ИН СССР, аз соли 1952 аъзои Правленияи ИН Точикистон ва президиуми он мебошад. Бо ду ордени Байраки Сурхи Мехнат, ду ордени «Нишони Фахри», ёздах медали чанги ва мехнати ва се Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.

Ос.: Асархои мунтахаб, ч- 1—4, Д., 1974—78.

Ад.: Очерк история таджикской со­ветской литературы, М.,

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …