Маълумоти охирин

«МУВАШШАҲ»

«МУВАШШАҲ», дар мусиқӣ як қатор оҳангҳоеро меноманд, ки асосан дар Андалусия (Марриб) аз замонҳои қадим машҳур гаштаанд. Аз ҷиҳати вазн ва мазмун Мувашшаҳ бештар ба мусиқӣ ва назми халқӣ наздик аст. Дар мақомҳои халқҳои Африкаи Шимолӣ Мувашшаҳ ҳамчун жанри сурудҳои шӯх маъмул мебошад. Аз ҷиҳати мавқеи композиционӣ Мувашшаҳ бо «Сарахбор»-и мақомҳои тоҷикӣ мутобиқат мекунад. Ҳамчун силсилаи сурудҳои мустақил низ вомехӯранд.

Дар пайдоиш ва ташаккули жанри Мувашшаҳ таъсири мусиқии бисьёр халқҳои Шарқ аз он ҷумла Хуросону Моваpoyннаҳp дида мешаванд.

А. Низомов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …