Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСТАВФИИ ҚАЗВИНӢ

МУСТАВФИИ ҚАЗВИНӢ

personМУСТАВФИИ ҚАЗВИНӢ  Хамдуллоҳ ибни Абӯбакр ибни Аҳмад ибни Наср (1281, Қаэвин —1349), муаррих, адиб ва географи форс-тоҷик. Аз оилаи муставфӣ (ҳисобчии молиёти мамлакат). Ӯ баробари корҳои маъмурӣ илмҳои таърих, адабиёт, географияи форс-точикро омӯхта, аз худ осори пурқимат боқӣ гузоштааст. Муставфии Қазвинӣ солҳои 1334—35 ба услуби «Шоҳнома» иборат аз 75 ҳазор байт «Зафарнома»-е таълиф намуд. Асар аз се қисм иборат буда, қисми 1 он ба таърих ва юришу истилои араб, қисми 2 он ба таърихи кишвар Эрон оид аст. Қисми 3 асар 30 ҳазор байтро дар бар гирифта, таърихи муғул-ҳоро то давраи ҳукмронии султони Ҳалокуиён Абӯсаид инъикос мекунад. Муставфии Қазвинӣ инчунин муаллифи “Таърихи гузида» ва «Нузҳат-ул-қулуб» мебошад. Ӯ дар инкишофи забонн адабии форсӣ-тоҷикӣ, махсусан ис-тилоҳоти фавнии он хизмати шоистае кардааст. Дар асарҳояш бар зидди парокандагии феодалӣ баромада, тарзи давлатдории элхонҳои муғулҳоро тавсиф намуда, давом додани анъанаҳои давлатдории мутамарказии Эронро дастгирӣ кардааст.

Адабиёт: Бартольд В. В., Сочинения, том 7, Москва, 1971; Стори Ч. А., Персидская литература. Биобиблиографический обзор, том 1. Москва, 1972.

  Т. Муҳиддинов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …