Маълумоти охирин

МУРИ

personМУРИ (Muhri) Франсавӣ (таваллуд 21. 10. 1924, Штейрегг, Штирия), ходими ҳаракати коргарии Австрия ва байналхалқӣ. Аз оилаи шахтёр. Аъзои Партияи Коммунистии Австрия (ПКА) аз соли 1945. Фаъолияти меҳнатиашро аз 15-солагӣ ҳамчун хаткашон, коргари сохтмон, ҳисобчӣ cap кардааст. Мури дар давраи Австрияро забт кардани фашистони немис дар кори гурӯҳи ғайрилегалии иттифоқи коммунистии ҷавонон фаъолона иштирок намуд. Мури баъди озод шудани Австрия (1945) ва аз нав барқарор шудани фаъолияти ошкорои Партияи Коммунистии Австрия котиби Комитети партиявии райони Дёйчландсберг интихоб гардид. Солҳои 1946—48 дар Мактаби марказии партиявии Партияи Коммунистии Австрия ва Мактаби партиявии Австрияи Поён кор кард, 1949—59 котиби Комитети пар­тиявии районҳои Мёдлинг ва Гензерндорф, 1959—61 котиби ташкилоти партиявии Штирия, 1954—61 ном- зад ба аъзогии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Австрия, 1961 аъзои Комитети Марказӣ ва Бюрои сиёсии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Австрия. Аз май 1965 раиси Партияи Коммунис­тии Австрия, аз июни 1970 инчунин аъзои Котиботи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Австрия. Мури муаллифи як қатор асарҳо оид ба масъалаҳои ҳаракати коммунистии Авст­рия ва байналхалқист.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …