Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Мӯминов Ҷӯрабой

Мӯминов Ҷӯрабой

Мӯминов Ҷӯрабой (11. 02. 1932, деҳаи Шайдони райони Ашт —16. 03. 1971, птш. Адрасмон, вилояти Ленинобод), кӯҳкан, яке аз ташаббускорони мусобиқаи сотсиалистӣ ва ҳаракати меҳнати коммунистӣ, Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (I960). Аъзои КПСС аз соли 1954. Солҳои 1955—1958 куҳкан, 1958 сардори бригадаи комплексии Экспе­дитсияи геологии Конимавсур ва аз соли 1959 сардори бригадаи яке аа конҳои Қаромазори шимоли Тоҷикистон буд. Бригадаи Мӯъминов дар корҳои кӯҳканӣ муваффақиятҳои калони истеҳсолӣ ба даст овард. Иштирокчии Съезди 23-уми КПСС ва съездҳои 15—17-уми ПК Тоҷикистон. Дар Съезди -16- уми ПК Тоҷикистон аъзои КМ ПК Тоҷикистон ин­ти хоб шудааст. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …