Маълумоти охирин

МУЛК

mulkМУЛК ми л к (арабӣ — дороии ғайри манқул), як навъи моликияти хусусӣ ба замин дар Закавказия ва дигар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна. Мулк дар аҳди Умавиён маълум бошад ҳам, дар Хилофат он қадар паҳн нашуда буд. Истилоҳи «Мулк» дар мамлатҳои Шарқ дар рафти қувват ги- рифтани феодализм маъноҳои гуногун пайдо кард: 1) подшоҳӣ, бекӣ, хонӣ, мирӣ, аморат; 2) моликияти калон ё хурди феодалӣ будани за­мон, ки ба амлок шабоҳат дошт;  Мулк аз иқтоъ бо он фарқ мекард, ки соҳибаш метавонист хизмати давлатро адо накунад, мулкашро озодо­на фурӯшад, тақдим ё мерос гузорад; 3) моликияти хусусӣ будани об, манбаъҳои об, иншооти обӣ ва ба ҳамин восита аз деҳқонон ситонидани андозҳо барои истифодаи об; 4) дар Закавказия рӯёнидани андози феодалӣ аз деҳқононе, ки дар Мулк қитъа доштанд ва онро киштукор мекарданд; 5) Мулки деҳқон — моликияти хурди деҳқон, ки замини ӯ аз Мулки умумӣ ҷудо ва ба феодал тобеъ набуд; Мулки умумӣ — моликияти умумӣ будани замин ва об.

Соҳиби Мулкро мулкдор, малик, дар Эрон-арбоб ва агар майдони зами- наш калон набошад, хурдмалик меномиданд. Мувофиқи қонуни шари­ат аз Мулк ба фоидан давлат андоз ситонида мешуд. Ҳаҷми он одатан даҳяк муайян карда мешуд, ки дар таърих бо номҳои даҳяк, ушр, маъ­лум аст. Вале баъзе мулкдорон дар асоси тӯҳфаи султон ё худ дар асоси созишнома бо давлат аз андоз озод карда мешуданд. Малик дар аcocи созишнома қисми замин ва обро ба давлат гузашт мекард ва ба ивази ин аз боқимондаи мулкаш андоз намедод. Агар малик ҳуҷҷат ва ё гувоҳномаи ҳуқуқашро ба Мулк гум кунад (масалан, дар давраи ҷанг), мулки ӯ мусодира карда мешуд. Ҳоло истилоҳи «Мулк» ба маънои мулки ғайриманқул кор фармуда мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …