Маълумоти охирин

МУҚИМӢ

nophotoМУҚИМӢ   (тахаллусаш; номаш Муҳаммад Аминхӯҷа Мирзоаҳмад; 1850, Қӯқанд— 25. 5.1903,ҳамон ҷо), шоири демократи ӯзбек. Аз оилаи нонвой. Падараш Мирзохӯҷа тошкандӣ ва модараш Биби Ойиша аслан хуҷандӣ буд. Аввал ба мадрасаи «Ҳокимойим»-и Қӯқанд дохил шуда, пас аз хатми он дар мадрасаҳои Бухоро низ таҳсил кардааст. Пас аз хатми таҳсил муддате дар маҳкамаи заминдории Қӯқанд мирзоӣ карда, ниҳоят ин хизматро ҳам тарк намуда дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи «Ҳазрат*-и Қӯқанд умр ба cap бурд. Дар ташаккули ҷаҳонбинии Муқимӣ таъсири Алмаӣ ва Нодими Намангонӣ барин шоирони равшанфикри ӯзбек калон буда, дар эҷодиёти шоир бартарӣ пайдо кардани равияҳои прогрессивӣ низ аз ҳамин ҷост. Муқимӣ анъанаҳои беҳтарини шоирони классики ӯзбек — Навоӣ, Турдӣ, Гулханӣ, Машраб, Махмурро давом дода, ҷанбаҳои демократии эҷодиёти Фурқат, Завқӣ, Алмай, Утар, Ибрат барин шоирони маорифпарварро такмил дода, дар ташаккули равияи демократии адабиёти ӯзбек саҳме гузошт.

Осори Муқимӣ асосан аз ғазал, мухаммас, мураббаъ, маснавӣ иборат аст, вале шоир ба ашъори худ мазмуну мундариҷаи тоза дохил карда, тараннуми дустию вафодорӣ, тавсифи фазилат, ҳиммат, адолат ва инсоф барин хислатҳои хуҷастаи одамиро дар мадди назар гузоштааст. Масалан, шеърҳои «Сайри боғ», «Дилам ба ту», «Нома навиштӣ» ҳамин гунаанд. Дар шеъри «Оҳ, намепурсад ҳоламро ошное» ва ғайра мавзӯи мазаммати замона мавқеи намоён дорад. Ҳаҷвиёти Муқимӣ тамоми воситаю услубҳои ҳаҷвнигории адабиёти классикиро дар бар гирифта, дар айни ҳол санъати ҳаҷвиро як дараҷа боло бардоштааст ва ба он мазмуни конкрет дохил кардааст («Танобчиҳо», «Ҳаҷви Виктор», «Воқеаи Виктор», «Дар шикояти Лахтин», «Ҳаҷви халифаи Миигтеп-па» ва ғайра). Муқимӣ аввалин шоири ӯзбек аст, ки дар мавзӯи зикри аҳволи синфи коргар бо унвони «Дар таърифи бои москончӣ» шеъре гуфтааст. Дар шеърн «Интихобот» Муқимӣ сиёсати зиддихалқии ҳукумати подшоҳии рус, сохтакории амалдоронро сахт танқид кардааст.

Анъанаҳои пешқадами адабиёти классикии форс-тоҷик, инчунин доирам адабии Бухорои нимаи дуввуми асри 19 дар ташаккули эҷодии Муқимӣ роли муҳим бозидаанд. Муқимӣ бо як қатор шоирони тоҷик — Асирӣ, Зуфархонӣ Ҷандарӣ ва дигар робитаи адабӣ дошт ва ба забони тоҷикӣ низ шеър гуфтааст. Зуфархони Ҷавҳарӣ бахшида ба Муқимӣ достонҳои таълиф кардааст. Дар Қӯқанд Хона-музеи Муқимӣ таъсис шудааст.

Основание:  Танлангаи асарлар, Тошкент, 1973; Асарлар, Тошкент, 1974.

Адабиёт: Ёқубов Ҳ., Ӯзбек демократ шоири Муқимий, Тошкеит, 1973.

             Н. Холмуҳаммадов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …