Маълумоти охирин

МУКИМИ

nophotoМУКИМИ   (тахаллусаш; номаш Мухаммад Аминхуча Мирзоахмад; 1850, Куканд— 25. 5.1903,хамон чо), шоири демократи узбек. Аз оилаи нонвой. Падараш Мирзохуча тошканди ва модараш Биби Ойиша аслан хучанди буд. Аввал ба мадрасаи «Хокимойим»-и Куканд дохил шуда, пас аз хатми он дар мадрасахои Бухоро низ тахсил кардааст. Пас аз хатми тахсил муддате дар махкамаи заминдории Куканд мирзои карда, нихоят ин хизматро хам тарк намуда дар яке аз хучрахои мадрасаи «Хазрат*-и Куканд умр ба cap бурд. Дар ташаккули чахонбинии Мукими таъсири Алмаи ва Нодими Намангони барин шоирони равшанфикри узбек калон буда, дар эчодиёти шоир бартари пайдо кардани равияхои прогрессиви низ аз хамин чост. Мукими анъанахои бехтарини шоирони классики узбек — Навои, Турди, Гулхани, Машраб, Махмурро давом дода, чанбахои демократии эчодиёти Фуркат, Завки, Алмай, Утар, Ибрат барин шоирони маорифпарварро такмил дода, дар ташаккули равияи демократии адабиёти узбек сахме гузошт.

Осори Мукими асосан аз газал, мухаммас, мураббаъ, маснави иборат аст, вале шоир ба ашъори худ мазмуну мундаричаи тоза дохил карда, тараннуми дустию вафодори, тавсифи фазилат, химмат, адолат ва инсоф барин хислатхои хучастаи одамиро дар мадди назар гузоштааст. Масалан, шеърхои «Сайри бог», «Дилам ба ту», «Нома навишти» хамин гунаанд. Дар шеъри «Ох, намепурсад холамро ошное» ва гайра мавзуи мазаммати замона мавкеи намоён дорад. Хачвиёти Мукими тамоми воситаю услубхои хачвнигории адабиёти классикиро дар бар гирифта, дар айни хол санъати хачвиро як дарача боло бардоштааст ва ба он мазмуни конкрет дохил кардааст («Танобчихо», «Хачви Виктор», «Вокеаи Виктор», «Дар шикояти Лахтин», «Хачви халифаи Миигтеп-па» ва гайра). Мукими аввалин шоири узбек аст, ки дар мавзуи зикри ахволи синфи коргар бо унвони «Дар таърифи бои москончи» шеъре гуфтааст. Дар шеърн «Интихобот» Мукими сиёсати зиддихалкии хукумати подшохии рус, сохтакории амалдоронро сахт танкид кардааст.

Анъанахои пешкадами адабиёти классикии форс-точик, инчунин доирам адабии Бухорои нимаи дуввуми асри 19 дар ташаккули эчодии Мукими роли мухим бозидаанд. Мукими бо як катор шоирони точик — Асири, Зуфархони Чандари ва дигар робитаи адаби дошт ва ба забони точики низ шеър гуфтааст. Зуфархони Чавхари бахшида ба Мукими достонхои таълиф кардааст. Дар Куканд Хона-музеи Мукими таъсис шудааст.

Основание:  Танлангаи асарлар, Тошкент, 1973; Асарлар, Тошкент, 1974.

Адабиёт: Ёкубов Х., Узбек демократ шоири Мукимий, Тошкеит, 1973.

             Н. Холмухаммадов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …