Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ ГИДРАВЛИКӢ

МУҲАРРИКИ ГИДРАВЛИКӢ

muhariki-gidravlikiМУҲАРРИКИ ГИДРАВЛИКӢ, мошинест, ки энергияи механикии сели моеъро ба энергияи механикии звенои пайрав (навард, шток) табдил медиҳад. Муҳаррики гидравликӣ вобаста ба принсипи кораш ду навъ мешавад. Ба навъи якум муҳаррикҳое мансубанд, ки дар онҳо звенои пайрав дар натиҷаи тағйир ёфтани моменти миқдори ҳаракати сели моеъ (гидротурбина, чархи об) ҷой иваз мекунад. Ба навъи дуюм ба истилоҳ муҳаррикҳои ҳаҷмӣ мансубанд, ки қисми кории онҳо (поршен, пластина) аз таъсири фишори гидростатикӣ (ҳангоми бо моеъ пур кардани камераҳои корӣ) ва интиқоли моеоти фишуранда ҷой иваз мекунанд. Дар муҳаррикҳои ҳаҷмӣ звенои пайрав ҳам ҳаракати пешравандаю бозгарданда ё ин ки ҳаракати гардишдори бозгарданда, ҳамчунин ҳаракати номаҳдуди даврзананда иҷро карда метавонад. Навъи охирини муҳаррики ҳаҷмиро гидромотор меноманд. Муҳаррики гидравликии ҳаҷмиро дар гидрохаракатовари мошинҳо истифода мебаранд. Фишори моеъи корни он то ба 35 Мн/м3 (350 кгқ/см3) мерасад. Гидромоторҳои иқтидорашон то 3000 килоВат мавҷуданд. Нигаред низ Турбинаи обӣ.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …