Маълумоти охирин
Главная / Теги: Техника

Теги: Техника

РАДИОЭЛЕКТРОНИКА

radioelektronika2

РАДИОЭЛЕКТРОНИКА, як соҳаи илм ва техника аст, ки ба мақеадҳои ирсол, қабул ва табдили инфор­матсия энергияи электромагнитиро истифода мебарад. Ба Радиоэлектроника ба ҷуз радиотехника шартан техникаи инфрасурх ва оптикаи электрониро низ дохил мекунанд. Радиоэлектроника бо автоматика ва кибернетикаи техникӣ, бо техникаи ҳисоб, электроника зич алоқаманд аст; дар бисёр ҳолатҳо таҷҳизоти …

Муфассал »

СОЛИДОЛ

solidolll

СОЛИДОЛ (аз лотинӣ solidus — ғализ ва оleum-равған), масолеҳи молиданнест, ки ранги қаҳвагии тира (қариб сиёҳ) дорад. t гуд. 75—90°С; дар об ҳал намешавад. Солидолро ҳамчун равғани молиданӣ дар техника васеъ истифода мебаранд.

Муфассал »

МЕХАНИЗМ

mekhanizm

МЕХАНИЗМ, (аз юн. mechane — мошин), системаи ҷисмҳост, ки ҳаракати як ҷисм ё гурӯҳи ҷисмҳоро ба ҳаракати матлуби ҷисмҳои дигар табдил медиҳад. Механизм асоси аксари мошинҳоест, ки дар бисьёр асбобу аппарат ва олоти техникӣ истифода мешавад. Ҷисми сахтитаркибӣ (авено) аз як ё чанд детали васлшуда иборат буда метавонад. Пайванди ду …

Муфассал »

МОШИНҲОИ ҲАРФЧИН

moshini-hurufchini

МОШИНҲОИ ҲАРФЧИН дар полиграфия, мошинҳоеанд, ки барои чопи матнҳо қолабҳои чопӣ тайёр мекунанд. Истифодаи Мошинҳои ҳарфчин охири асри 19 баробари буньёди линотип ва монотип вусъат ёфт. Аз рӯи принципи тайёр кардани қолабҳои чопӣ (тасвири матн) Мошинҳои ҳарфчинӣ се навъ: металлӣ (тасвири матнро ба намуди аломатҳои ҷудогона ё сатрҳои рехтаи рельефа …

Муфассал »

МОШИНҲОИ ҲАМЛУ НАҚЛ

МОШИНҲОИ ҲАМЛУ НАҚЛ, мошину механизмҳоеанд барои ба масофаҳои наздик кашондани бору одамон. Мошинҳои ҳамлу нақл вобаста ба таъинот ба мошину механизмҳои борбардор, мошинҳои нақлиёт, мошинҳои нақлиёти овезон, мошинҳои нақлиёти рӯизаминӣ ва мошинҳои ҳамл ҷудо мешаванд. Мошинҳои ҳамлу нақлии даври (циклӣ) амалкунанда ва бефосила мавҷуданд. Ба Мошинҳои ҳамлу нақлии даври кранӣ …

Муфассал »

МОШИНҲОИ ХАНДАҚКАН

МОШИНҲОИ ХАНДАҚКАН, мошинҳоеанд барои кофтани хандақҳои газопровод, водопровод ва ғ. Узви кории Мошинҳои хандақкан сипарӣ (рамаи) баранда бо кафлесҳо мебошад, ки ба трактори сустгард васл мешавад. Мавриди кандани хандақи бараш 900 мм ва умқаш то 1100 мм, ҳосилнокии кори Мошинҳои хандақкан 45 м/с аст.

Муфассал »

МОШИНҲОИ РОХСОЗӢ

moshini-rohsozi

МОШИНҲОИ РОХСОЗӢ, мошин ва механизмҳоеанд барои иҷрои комплекси корҳои сохтмон, нигоҳубин ва таъмири роҳҳои автомобил; дар сохтмони гидротехникӣ, саноатӣ, гражданӣ, аэродромҳо, роҳи оҳан ва ғ. низ истифода мешаванд. Барои корҳои тайёрӣ аз мошинҳои кӯчондану решаков кардани дарахтҳо, буридани буттаҳо, мошинҳои сангчин, ковоккунанда ва ғ.; барои корҳои заминковӣ аз скреперҳо, булдозерҳо …

Муфассал »

МОШИНҲОИ ОТАШНИШОН

moshinhoi-otashnishon

МОШИНҲОИ ОТАШНИШОН, мошинҳоеанд барои фурӯ нишондани сӯхтор (расми 1, расми 2). Мошинҳои оташнишон вобаста ба таъинот асосӣ ва махсус мешаванд. Ба Мошинҳои оташнишон асосӣ автомобилҳои оташнишон (автоцистернаю автонасосҳо), мотопомпаҳо, поезду дрезинаҳои оташнишон, киштиҳои оташнишон (теплоходу катерҳо), ба Мошинҳои оташнишони махсус нардбонҳои сӯхторнишон, автомобилҳои кафкпош, автомобилҳои дорои рӯдаҳои обгузар ва ғ. …

Муфассал »

МОШИНҲОИ КОРКАРДИ ПОЧТА

pochta

МОШИНҲОИ КОРКАРДИ ПОЧТА, мошинҳоеанд, ки мактубу открыткаҳо, бандерону посылкаҳо, нашрияҳои гуногун ва ғ-ро аз рӯи адресҳо ба навъиёт ҷудо карда, омодаи тақсимот мегардонанд. Ба Мошинҳои коркарди почта мошини маркачаспон, тамгагузор, сарачин, бандпечон, халтадӯз ва ғ. мансубанд. Навъи муштараки Мошинҳои коркарди почта якчанд амалро иҷро мекунад. Ниг. низ Техникаи почта.

Муфассал »

МОШИНҲОИ КОММУНАЛӢ

moshinhoi-komunali

МОШИНҲОИ КОММУНАЛӢ, мошинҳои хоҷагии коммуналӣ, ки барои беҳдошти санитарии маҳалҳои аҳолинишину даруни биноҳои ҷамъиятӣ, шустушӯ ва тасфияи химияяи сарулибос хизмат мекунанд. Мошинҳои андозаҳою иқтидорашон хурдтар, ки барои рӯбучини истиқоматгоҳҳо ҷомашӯӣ ва тафсияи химиявӣ таъин шудаанд (мошини ҷомашӯӣ) чангкашон, фаршмол ва ғ.), ба мошинҳои рӯзгор мансубанд.

Муфассал »