Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕХАНИЗМ

МЕХАНИЗМ

mekhanizmМЕХАНИЗМ, (аз юн. mechane — мошин), системаи ҷисмҳост, ки ҳаракати як ҷисм ё гурӯҳи ҷисмҳоро ба ҳаракати матлуби ҷисмҳои дигар табдил медиҳад. Механизм асоси аксари мошинҳоест, ки дар бисьёр асбобу аппарат ва олоти техникӣ истифода мешавад. Ҷисми сахтитаркибӣ (авено) аз як ё чанд детали васлшуда иборат буда метавонад. Пайванди ду звенои баҳамрасанда, ки ба ҳаракати ниобии онҳо имкон медиҳад, ҷуфти кинематикӣ ном дорад. Ҷуфтҳои кинематикии чархзананда (шарнир), пешразанда (давану самтдинак), винтӣ (винту гайка), сферавӣ (шарпири куравӣ) бештар маъмуланд. Агар дар табдилоти ҳаракат ғайр аз ҷисмҳои сахт моеъ ё газҳо низ иштирок кунанд, Механизмро мувофиқан Механизми гидравликӣ ё Механизми пневматикӣ меноманд. Ҳангоми омӯхтани ҳаракати звеноҳои Механизм схемаи кинематикӣ тартиб дода, дар он маълумотҳои барои муайян кардани вазъияти звеноҳо зарурро нишон медиҳанд (расми 1). Барои аз рӯи схемаи кинематикӣ муайян кардани вазъияти ҳамаи звеноҳои ҳаракаткунандаи Механизм донистани вазъияти як звено кофист. Звеноеро, ки вазъияти он барои ҳар як лаҳзаи вақт маълум аст, звенои ибтидоӣ меноманд. Дар вақти тадқиқи М. шумораи звеноҳои ибтидоии он бояд ба адади дараҷаҳои озодӣ, яъне ба шумораи тағйирёбандаҳои новобаста, ки вазъияти ҳамаи звеноҳоро муайян мекунанд, баробар бошад. Мас., Механизми муҳаррики дарунсӯз, ки ҳаракати ростхаттаи поршенро ба ҳаракати чархзанандаи зонунавард табдил медиҳад, як дараҷаи озодӣ (кунҷи чархзании кривошинф) дорад. Механизми шарҳирӣ ду дараҷаи озодӣ дошта (расми 2) тағйирёбандаҳои новобаста Ф, Фа ё Ф, Фз ва ё Фз, Фз шуданашон мумкин аст. Механизмеро ки ҳаракатҳои чархзанӣ ё ростхаттаро ба ҳаракати чархзанӣ (ё баръакс) табдил медиҳад, Механизми таҳвилӣ ё фақат таҳвил меноманд. Вобаста ба намуди звеноҳо Механизмҳои таҳвилии дандонагӣ, фашангӣ, фрикционӣ, занҷирӣ, тасмагӣ мавҷуданд. Механизмҳои таҳвилии гидравликӣ ва пневматикӣ низ ба ин гурӯҳи Механизмҳо мансубанд. Аз рӯи вазифа Механизмҳоро ба навъҳои зерин ҷудо мекунанд: Механизмҳои табдилдиҳандаи ҳаракат; Механизмҳои таҳвилӣ ҳаракат ва кориҷрокунанда; Механизмҳои идора, назорат ва росткунанда; Механизмҳои таъмин, ҳамл ва ба хелҳо ҷудокунанда; Механизмҳои ҳисобкунанда, баркашаида ва ҷобаҷокунандаи маҳсулот ва ғ. Чунончи, Механизмҳои табдилдиҳандаи ҳаракат энергияро ба кори механикӣ ё кори механикиро ба ягон намуди дигари энергия табдил медиҳанд (муҳаррик, насос, компрессор ва ғ.); Механизмҳои таҳвили ҳаракат ҳаракати муҳаррикро ба мошинҳои технологӣ ё Механизмҳои игрокунанда (баъди кам кардани суръати чархзании навард) таҳвил мекунад; Механизмхои иҷрокунанда бевосита ба муҳит ё объекти коркардашаванда таъсир мекунанд (Механизми фишурандаи пресс, шпинделҳои мошинҳои пахтачинӣ ва ғ.).

Солҳои 60—70 а. 20 Механизмҳои наве ба вуҷуд оварда шуданд, ки барои ҳалли вазифаҳои техникаи кайҳонӣ (Механизми таҳвилӣ чархзанӣ дар вакуум Механизми ориентацияи фазоӣ), техникаи тиббӣ (аппаратҳой танзим, биопротезҳо), кор дар муҳитҳои барои инсон дастнорас ё хатарнок (қаъри об, кайҳон, реакторҳои атомӣ) пешбинӣ шудаанд. Дар иҷрои ин корҳо манипуляторҳои гуногуне истифода мешаванд, ки асоси онҳоро Механизмҳои фазоии дараҷаи озодӣ бисёрдошта ташкил медиҳанд, Инкишофи манипуляторҳо боиси ихтирои роботҳои саноатӣ гардид, ки автоматонии процессҳои коркард, монтаж ва васл кардани маснуотро имконпазир месозанд. Ниг. низ Назарияи мошин ва механизмон.

Ад.: Артоболевский И. И. Механизмы в современной технике, т. 1—5, М., 1979—81.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …