Маълумоти охирин

МОСКВА

moskvaМОСКВА, шаҳри қаҳрамон, пойтахти СССР ва РСФСР, маркази вилояти Москва. Маркази сиёсӣ, саноати, илмӣ ва мадании мамлакат. Дар маркази қисми Европоии СССР, дар соҳили д. Москва, байни дарёҳои Ока а Волга, дар баландии 120 м аз соҳили баҳр воқест. Аз самти Ғарб ба ҳудуди Москва як қисми баландии Теплостан (то 200 м) дохил шуда, дар самти Ш. як қисми пастхамии Мещера, дар самти Шимол қисми ҷануби к-теппаи Клину Дмитриев, дар марказ ҳамвории сербари д. Москва тӯл кашидааст. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миёнаи январ —11° С, июль 19° С. Боришоти солона ба ҳи­соби миёна 500—600 мм. Москва тахминан 240 Ҳавз дорад. Узели калони роҳи оҳан, бандари дарьё ва панҷ баҳр. Масоҳаташ 878, 7 км2. Аҳолиаш 8011 ҳазор нафар (1979), асосан русҳо. Москваба 31 райони маъмурӣ тақсим шудааст.

Идораи шаҳр. Органи маҳаллии Ҳокимияти шаҳр дар терр. Москва Совети депутатҳои халқии шаҳр аст, ки онро аҳолии Москва ба мӯҳлати 2 оол интихоб мекунад. Совети депутатҳои халқии шаҳр соле камаш 4 маротиба сессияҳои худро даъват менамояд. Органи иҷроия ва қонунбарори Советӣ депутатҳои халқии Москва— комитети иҷроия (25 депутат) мебо­шад. Ҳар як райони машҳури Совети депутатҳои халқии районии худро дорад.

Очерки таърихӣ. Дар терр. ҳозираи Москва инсон ҳанӯз дар давраи асри санг (бошишгоҳи давраи неолити Щукин дар д. Москва) маскан гирифта буд. Дар охирҳои ҳазораи 1 м. ба кишвари Москва славянҳо — ви­тиҷҳо ва кривичҳо маскан карданд. Москва (Москов) бори аввал дар солномаи соли 1147 ҳамчун мулки князи Суз­даль Юрий Долгорукий зикр шуда­аст. Зимистони соли 1237—38 Москваро муғулҳо хароб карданд, аммо шаҳр боз барқарор карда шуд. Аз нимаи дуюми асри 13 Москва— маркази князии мустақил гардид (ниг. Князии кабири Москва). Аз асри 14 М.— бошишгоҳи митрополитҳои рус, аз соли 1589 — патриархҳо, пойтахти калпсоин Русь. Дар нимаи дуюми асри 14 дар аҳди Дмитрий Иванович Донской Москва ба муборизаи халқи рус бар зидди зулми муғулҳо сарварӣ кард. Дар чоряки охири асри 15 дар аҳди князи кабир Ивани Ш Васильевич Москва ба пойтах­ти давлати мутамаркази Русь табдил ёфт. Дар давраи интервенцияи Поль­шею Литва душман 21 сентябри 1610 Москваро ишғол кард. Муборизаи халқ ба­рои истиқлолияти давлати Русь октябри 1612 бо ғалабаи қӯшуни халқи таҳти роҳбарии Минин ва Пожарский анҷом ёфт. Дар асри 17 Москва маркази муборизаи зиддифеодалии оммаи халқ гардид. Халқи меҳнаткаш дар шӯриши деҳқонон, ки ба он И. И. Болот­ников сардорӣ мекард (1606—07), фаъолона иштирок намуд (ниг. Ҷан­ги деҳқонон) (1606—07). Шӯришҳои солҳои 1648, 1662, 1682 ва шӯриши 1698 стрелецҳо, ки дар Москва ба вуқӯъ омаданд, аз калонтарин шӯришҳои зиддифеодалӣ буданд. Соли 1712 пой­тахти Россия ба Петербург кӯчонида шуд, аммо Москва мисли пештара ҳамчун маркази муҳими сиёсӣ, маъмурӣ ва маданӣ аҳамияти худро гум накард.

Аз оғози Ҷанги Ватанӣ (1812) Москва— ташкилотчии ҳаракати ватандӯстон баҳри мудофиаи Ватан буд. Дар наздикии Москва муборизаи Бородино ба амал омад. Сентябри 1812 қӯшунҳои Наполеон ба Москва дохил шуда, дар он 39 рӯз монданд. Франсавиҳо шаҳрро оташ зада хароб карданд. Баъди соли 1812 Москва ҳамчун шаҳри дворянӣ аҳамияти худро торафт гум кард, саноати капиталистӣ инкишоф ёфт. Соли 1814 дар корхонаҳои Москва ‘/в ҳиссаи ҳамаи коргарони Россия ҷамъ омада буданд. То ибтидои соли 1897 аҳолии Москва аз 1 млн нафар зиёд шуд. Аз рӯи таркиби синфии аҳолӣ Москва шаҳри капиталистӣ буд. Охири асри 19 шаҳр ба калонтарин маркази саноа­ти сабуки мамлакат табдил ёфт. Ба корҳои дохилии шаҳр думаи шаҳрӣ роҳбарӣ мекард. Дар охири солҳои 40 нақлиёти ҷамъиятӣ — 1 ноябри 1851 роҳи оҳани байни Петербург ва Москва кушода шуд. Тамоми ҳаракати революционии Россияи асри 19 — ибтидои асри 20 бо Москва алоқаманд буд. Революционер-декабристони намоён П. И. Пестель ва Н. М. Муравьёв дар Москва таваллуд шуда, ҳаёт ба cap бурдаанд. Ҷаҳонбинии революционии А. И. Герцен дар Москва ташаккул ёфтааст. Москва барои дар Россия паҳн шудани марксизм роли муҳим бозид. Баъди ғалабаи Револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917 Москва баробари Петроград маркази муҳими тайёрии Револютсияи Кабири Социалистии Ок­тябрь буд. Баъди ҷангҳои ҳафтшаборӯзаи 3(16) ноябри 1917 дар Москва Ҳокимияти Советӣ ғалаба кард. 11 марти 1918, баъди кӯчидани Ҳукумати Советӣ аз Петроград, Москва пойтахти аввалин дар ҷаҳон давлати социалистӣ шуд. Аз Съезди 8-уми РКП (б) cap карда ҳамаи съездҳои минбаъдаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ дар Москва мегузаранд. Дар давраи Ҷанги гражданӣ (1918—20) Москва марказе буд, ки аз он ҷо Парти­яи болшевикӣ ва Ҳукумати Советӣ,

В. И. Ленин ба муборизаи зидди гвардиячиёни сафед ва интервентҳо роҳбарӣ мекарданд. Бо Москва номи В. И. Ленин зич алоқаманд аст: В. И. Ле­нин солҳои 1893—95, 1897, 1900 ва 1906 ба Москва омада, аз марти 1918 то охири умр дар он зиндагӣ ва кор кард. Дар солҳои индустрикунонии социалистй симои саноатии шаҳр тағйир меёфт. Аҳолии он торафт меафзояд (соли 1936 қариб 4,5 млн нафар). Солҳои 30 тамоми намудҳои хизмати коммуналӣ, нақлиёт: автобус (аз соли 1924), троллейбус (аз 1933) ва мет­ро (аз 1935) қарз ба роҳ монда шуд. Ҳамаи майдонҳо ва кӯчаҳои асосӣ асфалтпӯш шуданд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Москва на танҳо маркази сиёсӣ, инчунин маркази Ҳарбии мамлакат гардид. Соли 1941 аз аҳолии Москва 12 дивизияи ихтиёрӣ, 25 батальони циркунанда, батальонҳои МПВО (Мудофиаи зидди ҳавоии Мо­сква) ва ғ. ташкил карда шуданд. Октябри 1941 — апрели 1942 дар назди Москва калонтарии задухӯрд дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба амал омад, ки дар рафти он ба армияи фашистон бори аввал шикасти сахт дода шуд (ниг. Муҳорибаи назди Москва). Соли 1944 медали «Барои мудофиаи Москва» таъсис ёфт. 24 июни 1945 дар Москва Паради Ғалаба барпо шуд. 6 сентябри 1947 барои хизматҳои намоёни меҳнаткашони Москва дар назди Ватан, дар муборизаи зидди фашистони истилогар ва барои муваффақиятҳо дар сохтмони социалистӣ, ба муносибати 800-солагии шаҳр Москва бо ордени Ленин мукофотонида шуд; ба ёдбуди санаи таърихӣ медали «Ба шарафи 800-солагии Москва» таъсис карда шуд. Москва дар панҷсолаи 1-уми баъди ҷанг (1946—50) ба калонтарин маркази мубориза барои прогресси техникӣ дар саноат, барои механиконӣ ва автоматонии комплексии истеҳсолот табдил ёфт. Соли 1947 саноати Москва ба дараҷаи истеҳсолоти пеш аз ҷанг расида дар миқёси мамлакат 43% автомобил, 34% мотоцикл, 42% подшипник, 47% дастгоҳҳои махсус ва агрегатӣ, 44% олоту асбоб, 97% таҷҳизоти рехтагарӣ, 41% соат истеҳсол намуд. Солҳои панҷсолаи 5-ум (1951—55) дар Москва асосҳои индустрияи сохтмон гузошта шуданд. То охири соли 1958 дар Москва даҳҳо заводҳои махсус гардонидашуда амал мекарданд. Дар барпо намудани базаи моддӣ-техникии коммунизм Москва роли муҳим бозид. Солҳои 1961—65 истеҳсоли хатҳои йвтоматӣ ва нимавтоматӣ 1,7 маротиба, дастгоҳ 1,2, асбобу воситаҳои автоматизация тахминан 1,5 маротиба афзуд. Соли 1965 маҳсулоти умумии саноати Москва нисбат ба 1940 509%-ро ташкил дод.

Аҳолии Москва ташаббускори бисьёр корнамонҳои ватандӯстонааст: ҳаракати оммавӣ барои муносибати коммунистонӣ нисбат ба меҳнат, Мусобиқаи умумииттифоқӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 50-солагии Октябри Кабир ва 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин, 60-солагии Октябри Кабир ва ғ. Москва дар мубориза барои сулҳ роли бузург мебозад. Дар ин ҷо 12 марти 1951 Совети Олии СССР Қонуни таърихии муҳофизати сулҳ. 7 октябри 1977 Қонуни Асосии Давлати Советӣ — Конституцияи СССР-ро қабул кард. Дар Москва Маҷлисҳои машваратии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ, як қатор конгрессҳои муҳимми байналхалқӣ оид ба сулҳ яроқпартоӣ, истиқлолияти миллӣ ва ҳамкории байналхалқӣ барпо гардиданд. Калонтарнни онҳо Конгресси умумиҷаҳонии қувваҳои суҳдӯст буд (1973). Обрӯю эътибори сиёсӣ ва идеявии Москва, ки штаби ҷанговари бинокорони коммунизм, марказӣ прогресси ҷаҳонӣ мебошад, хеле афзуд. Дар Съезди 24-уми КПСС вазифа гузошта шуд, ки пойтахт ба шаҳри намунавии коммунистӣ табдил дода шавад. 8 май 1965 Москва ба номи пуршарафи «Шаҳри қаҳрамон» ва дуюмин ордеии Ленин ва медали «Ситораи Тилло» сазовор гардид. Москва инчунин бо ордени Революцияи Октябрь мукофотонида шудааст.

Хоҷагӣ. Саноати пеш аз революционии Москва асосан аз корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ иборат буд.

Дар солҳои сохтмони социалпстӣ соҳаҳои нав ба вуҷуд омаданд: мошинсозӣ, коркарди металл, автомобил, подшипник, электротехникӣ, авиационӣ, радиотехникӣ, асбобсозӣ.

Иттиҳодияи истеҳсолии дастгоҳсозии «Красный пролетарий», иттиҳодияи истеҳсолӣ доир ба истеҳсолоти хатҳои автоматӣ ва дастгоҳҳои агрегатӣ, иттиҳодияи саноатии истеҳсоли мошинҳои электрии «Динамо», иттиҳодияи истеҳсолии «ЗИЛ», комбинати матои пахтагин «Трёхгорная мануфактура», комбинатҳои шоҳибофии ба номи П. П. Щербаков ва «Красная Роза», иттиҳодияҳои дӯзандагии «Восток», «Буревестник», «Заря», фабрикаҳои қаннодии «Красный Октябрь», иттиҳодияи «Ротфронт», фабрикаҳои тамокуи «Дукат», «Ява» ва ғ. на танҳо дар мамлакат, инчунин берун аз он ҳам шӯҳрат пайдо кардаанд.

Москва калонтарин узели роҳи оҳан СССР мебошад.

11 хатти роҳи оҳан Москваро бо ҳамаи районҳои мамлакат ва бо бисьёр мамлакатҳои хориҷа пайвастааст. Бо оғози сохтмони Канали ба номи Москва (1937) аҳамияти Москва ҳамчун бандари дарьёӣ афзуд.

Москва 3 бандари калони дарьёӣ — Ғарбӣ, Шимолӣ ва Ҷанубӣ дорад. Москваро 13 шоҳроҳи автомобилгард бо бисьёр республикаҳои иттифоқӣ ва шаҳрҳои калон мепайвандад. Москва 4 аэропорт дорад.

Маориф, илм, маданият. Соли таҳсили 1978—79 дар саросари шаҳри Москва 1033 мактаби маълумоти умумӣ, 113 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, аз ҷумла 91 омӯзишгоҳи касбҳои техникии маълумоти миёна, 140 мактаби миёнаи махсус, 75 мактаби олӣ, аз он ҷумла Университети давлатии ба номи М. В. Ломоносов, Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Н. Э. Бауман, институтҳои энергетикӣ, кӯҳкорӣ, авиационӣ, меъморӣ, консерватория, ВГИК (Институти давлатии умумииттифоқии кинематография), ГИТИС (Институти давлатии санъати театрӣ) ва ғ. амал мекарданд. Дар Москва АИЧ дар назди КМ КПСС, академияҳои ҳарби воқеанд.

Москва калонтарин маркази илмии СССР ва яке аз калонтарин марказҳои илмии ҷаҳонист. То Револютсияи Октябрь дар мактабҳои олӣ, асосан, Университети Москва, Омӯзишгоҳи техникӣ, Академияи Пётр (асосгузораш Пётри I) ва ғ. корҳои тадқиқотӣ гузароила мешуд. Аз соли 1932 дар Москва АФ СССР, аз он ҷумла, Институти математикаи ба номи В. А. Стеклов, Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедев. Институти химияи органикии ба номи Н. Д. Зелинский, Институти физикаи Замини ба номи О. Ю. Шмидт, Институти шарқшиносии АФ СССР, Институти металлургияи ба номи А. А. Байков, институтҳои иқтисодӣ, таърихи СССР, Институти политехникии умумииттифоқии ба номи Ф. Э. Дзержинский, Институти энергияи атомии ба номи И, В. Курчатов ва ғ. воқеъ гаштаанд.

Дар Москва академияҳои соҳавӣ: Академияи умумииттифоқии илмҳои хоҷагии қишлоқ, Академияи илмҳои тиббии СССР, Академияи илмҳои педагогии СССР, Академияи рассомӣ амал мекунанд, Москва аз замонҳои қадим маркази нашри китоб буд,  марти 1564 Иван Фёдоров ва Пётр Мстиславец нашри аввалин китоби монии рус «Апостол »-ро ба охир paсoниданд. Баъди Револютсияи Октябрь нашриёти КМ РКП (б) «Коммунист», нашриёти КИМУ таъсис шуд, редакцияи г. «Правда» ба Москва кӯчид. Аз марти 1918 «Известия ВҶИК» (аз 1938           — «Ахбороти Совети депутагҳои меҳнаткашони СССР») нашр мешавад. Соли 1919 Нашриёти давлати РСФСР ташкил шуд, ки он дере нагузашта ба яке аз калонтарин нашриётҳои мамлакат табдил ёфт. Нашриётҳои марказии китобчопкунӣ ва республикавии РСФСР, редакцияҳои газетаҳои умумииттифоқӣ ва газетаҳои республикавии РСФСР, аксарияти журналҳо дар Москва воқеанд (инчунин ниг. фасли матбуот, радио, телевизиои дар мак. РСФСР ва СССР).

Ба ғайр аз газетаҳои марказӣ барои аҳолии Москва газетаҳои шаҳрии «Московская правда», «Вечерняя Москва», газетаи шаҳрӣ ва вилоятии «Московский комсомолец», газетахои ҳарҳафтаинаи «Московская спортивная неделя», «Московская реклама», «Шахматная Москва», «Московская кинонеделя» ва ғ. нашр мешаванд. Ташкилоти нависандагони Москва якҷоя бо ИН РСФСР ж. «Москва»-ро интишор менамояд. Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқӣ ж. «Городское хозяйство Москвы», «Строительство и архитектура Москвы» ва ғ. нашр мекунад, Агентиҳои ТАСС ва АПН дар Москва ҷойгиранд. Соли 1926 аввалин комбинати полиграфии совет»!—матбааи нашриёти «Известия» сохта шуд. 5 млн 1934 корхонаи калонтарини полиграфӣ — комбинати г. «Правда» ба кор даромад. 1 январи 1978 дар Москва 1382 китобхонаи оммавӣ, 1837 китобхонаи техникӣ: Китобхонаи давлатии ба номи В. И. Ленин, Китобхонаи адабиёти хориҷӣ, китобхонаҳои таърихӣ, политехникӣ, илмӣ-техникии оммавӣ ва ғ., 66 музей, дар қатори онҳо Музеи марказии Революцияи СССР, Музеи марказии В. И. Ленин, Музеи К. Маркс ва Ф. Энгельс, Музеи таърих, политехникӣ, Нигористони Третьяков ва ғ. буд. Дар Москва 39 қаср ва хонаи пионерои. 7 ст. техникҳои ҷавон, ст. экскурсионӣ-сайёҳии бачагон, 14 боғи бачагон ҳаст. Москва дар тараққиёти санъати тасвирии ватанӣ роли калон мебозад.

Солҳои 30—40 асри 19 дар Омӯзишгоҳи рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ кушода шуд. Рассомони номӣ В. Г. Перов, В. Е. Маковский, И. М. Прянишпиков, К. А. Савицкий, Л. К. Саврасов дар ин омӯзишгоҳ кор кардаанд. Охири асри 19-аввали асри 20 дар Москва чунин рассомони намоён, ба амсоли В. И. Суриков, В. А. Серов, В. М. ва А. М. Васнецовҳо, С. А. ва К. А. Коровинҳо, В. Д. Поленов, М. А. Врубел ва дигарон кор кардаанд. Аз рассомони советии шаҳр А. Б. Архипов, А. М. Герасимов, С. В. Герасимов, И. Э. Грабарь, А. А. Дейнека, Б. В. Иогансон, Н. А. Касаткин, П. П. Кончалбоский, аз ҳайкалтарошон Н. А. Андреев, Е. Ф. Белашова, В. И. Мухина, Е. В. Вучетич, С. Т. Конёнков, С. Д. Лебедева, И. Д. Шаҳр, аз графикҳо B. А. Фаворский, А. И. Кравченко, Б. И. Пророков ва дигарон машҳуранд.

Ҳаёти театрӣ аввали а 17 аввалин бор дар дарбори подшоҳ, оғоз меёбад. Соли 1672 якумин театри дарбор, 1702 нахустин театри оммавӣ таъсис ёфтанд. Соли 1757 дар назди Университети Москва театр ташкил шуд, ки он ба театри касбипирус дар Москва ибтидо гузошт. Соли 1780 Москва Медокс дар канори Петровка ва Майдони Пётр (баъдтар Майдони театрӣ) театри оммавӣ (Театри Пётр) сохт. Актёрони санъати драмавии асри. 19 — ибтидои асри 20 П. С. Мочалов, М. С. Щепкин, Садовскийҳо, М. Н. Ермолова, А. И. Южин, А. П. Ленский, сарояндаҳо Ф. И. Шаляпин, Л. В. Собинов, А. В. Нежданова; артистони балет, Е. А. Санковская, И. А. Рославлева. Е. В. Гельцер. Дар Москва бастакорони машҳур C. В. Рахманинов, С. И. Танеев. А. Н. Скрябин кор мекарданд. Соли 1898 К. С. Станиславский ва В. Л. Немирович-Данченко ба Театри бадеии Москва асос гузоштанд. Аз байни намояндагони машҳури санъати советӣ, ки фаъолияти онҳо бо Москва зич алоқаманд аст, бастакорон Д. Д. Шостакович. С. С. Прокофьев, Н. Я. Мясковский, Р. М. Глизр, Ю. А. Шапорин, Д. Б. Кабалевский, А. И. Хачатурян, Т. Н. Хренников, Г. В. Свиридов, Р. К. Щедрин; пианинанавозон Г. Г. Нейгауз, К. Н. Игумнов, Э. Г. Гнлельс, С. Т. Рихтер; скрипканавозон Д. Ф. Ойстрах, Л. Б. Коган; ҳофизон И. С. Козловский, С. Я. Лемешев, М. Д. Михайлов, М. О. Рейасн, A. С. Пирогов, Н. А. Обухова ва дигарон; дирижёрҳо Н. С. Голованов, К. К. Иванов ва дигарон; режиссёр Б. А. Покровский; артистони балет ва балетмейстерҳо Г. С. Уланова, О. В. Лепешинская, М. Т. Семёнова, М. М. Плисецкая, Р. В. Захаров, Л. М. Лавровский; режиссёрҳо ва актёрон Е. О. Любимов-Лапской, А. Д. Попов, Ю. А. Завадский, Н. П. Охлопков, B. И. Качалов, И. М. Москвин, О. Л. Книппер — Чехова, А. К. Тарасова, М. М. Яншин, А. А. Яблочкипа, Е. Д. Турчанинова, М. И. Царёв, М. И. Жаров, И. В. Ильинский, Б. И. Бабочкин, Б. В. Щукин, В. П. Марецкая, Р. Я. Плятт, М. А. Ульянов ва дигарон; режиссёрони кино С. М. Эйзенштейн, В. И. Пудовкин, А. П. Довженко, Д. Вертов, Г. В. Александров, И. А. Пырьев, М. И. Роом, Ю. Я. Райзман, Г. Л. Рошаль, С. А. Герасимов, С. И. Юткевич ва дигарон дар пешрафти он роли калон бозидаанд.

Сентябри, 1982 дар Москва 279 китобхона, 65 музей, 282 клуб ва 26 театр, аз он ҷумла, Театри Калони академӣ, Театри Хурди академӣ, Театри академии ба номи Москва Горький, Театри академии ба номи Евгений Вахтангов, Театри академик ба номи Моссовет, Театри академии ба номи В. Маяковский; Қасри съездҳои Кремль, толорҳои Калон ва Хурди Консерватория, толори концертии ба номи П. И. Чайковский, толори Концертии марказӣ ва ғ. ба сокинони шаҳр ва меҳмонон хизмат мекарданд.

Дар Москва киностудияҳои «Мосфильм», киностудияи марказии ба номи М. Горький, фильмҳои ҳуҷҷатӣ, илмӣ-оммавӣ, «Союзмультфильм» кор мекунанд. 503 дастгоҳҳои фильмнамоишднҳӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар Москва конкурсҳои байналхалқии пианино ва скрипканавозони ба номи П. И. Чайковский (аз соли 1958), артистони балет (аз 1969), кинофестивалҳои байналхалқӣ (аз 1959) гузаронида мешаванд. 7 ноябри 1922, аз рӯзи ба кор даромаданист. Радиотелефони марказии ба номи Коминтери ба радиошунавонӣ аз Москва ибтидо гузошта шуд. Аз соли 1924 барномаҳои радио мунтазам шунавонида мешаванд. Соли 1938 дар Москва аввалин маркази телевизион (дар Шаболовка) сохта шуд, ки он 10 марти 1939 ба кор даромад. Соли 1969 дар Останкино Маркази телевизионӣ умумииттифоқии ба номи 50-солагии Револютсияи Октябрь сохта шуд.

Тандурустӣ. Аввалин муассисаҳои калони тиббии Россия дар Москва ташкил карда шуданд. Дар замони Пётри I, соли 1707 барои эҳтиёҷоти армия ва флот госпитали генералӣ (ҳозира госпитали ҳарбии ба номи Н. Н. Бурденко) кушода шуд. Соли 1764 дар назди Университети Москва факултети тиббӣ таъсис ёфт. Аввалин касалхонаи калон барои аҳолӣ — касалхонаи Павлов (ҳозира касалхонаи 4-уми шаҳрӣ) соли 1763 ба кор даромад.

То оғози соли 1913 дар Москва 60 муассисаи табобатии дорои 11,1 ҳазор кат (6,5 кат барои 1 ҳазор нафар) ва 29 амбулатория буд. Ҳамагӣ 2,3 ҳазор духтур кор мекард. Соли 1979 дар Москва 72246 нафар духтур кор мекард (ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 90,3 духтур). Дар беморхонаҳои шаҳр 110,1 кат буд (ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 138 кат). Дар худи ҳамон сол 39 санатория ва хонаи истироҳатӣ, зиёда аз 70 институти илмӣ-тадқиқотии тиббӣ, 3 институти тиббӣ ва 27 омӯзишгоҳи тиббӣ буд.

Меъморӣ. Қисми нисбатан қадимаи Москва— ансамбли Кремль маркази таърихӣ, сиёсӣ ва мадании пойтахт мебошад. Дар шафати Кремль —майдони марказии шаҳр — Майдони Сурх (асри 15) воқест, ки дар он калисои номи Василий Блаженный қад афрохтааст.

Асрҳои 14—16 дар даромадгоҳҳои асосии Москва дайрҳои истеҳкомдори Андроник, Симон, Новоспасск, Дон, Новодевичий ва ғ. буньёд гардиданд. Асри 17 дар намуди зоҳирии Москва тағйиротҳои калон ба амал омаданд. Аҳамияти Кремль ҳамчун қалъа паст шуда бурҷҳои он хеле тағйир ёфтанд. Дар ин давра бисьёр иншоотҳои динӣ ва граждании сангин буньёд гардиданд. Дар асри 18 дар санъати меъмории Москва классицизми рус инкишоф ёфт. Дар нимаи дуюми асри 18            — ибтидои асри 19 қасрҳои олиҷаноби Кусково, Останкино, Царицыно ва ғ. қад афрохтанд. Баъди сӯхтори соли 1812 барои аз нав буньёд намудани Москва комиссияи махсус ташкил карда шуд, бо назорати он корҳои зиёди бинокорӣ авҷ гирифта, ансамбли Майдони Сурх, Майдони Театрӣ, чорбоғи Александр, Театри Калон, Манеж, Университети Москва ва ғ. сохта шуданд.

Дар асри 19 — ибтидои асри 20 шаклҳои нави биноҳо (фирмаҳои тиҷоратӣ, банк, вокзал ва ғ.) ба вуҷуд омаданд. Дар ин давра бинои вокзалҳои Ленинград, Ярославль, Қазон, бинои асосии Нигористони Третьяков ва ғ. буньёд мешаванд. Баъди Револютсияи Октябрь дар асоси принципҳои шаҳрсозӣ Москва аз нав сохта шуд. Солҳои 1918—25 плани «Москваи нав» (коллективи меъморон бо роҳбарии А. В. Щусев) тартиб дода шуд, ки дар он ғояҳои дигаргунсозии социалистии шаҳр баръало зоҳир мегардад. Солҳои 1924—30 дар Майдони Сурх асари барҷастаи санъати меъмории советӣ — Мавзолеи В. И. Ленин (меъмор А. В. Щусев) сохта шуд. Соли 1935 дар бораи «Плани генералии навсозии Москва» қарор қабул карда шуд. Дар процесси навсозии марказ Майдони Манеж, меҳмонхонаи Москва, бинои Госплан сохта шуданд. Солҳои 1935—39 навбати якуми метрополитен ба кор cap кард. Соди 1939 Намоишгоҳи умумииттифоқии хоҷагии қишлоқ. (ВСХВ) кушода шуд.

Дар Москва сохтмони биноҳои бисьёрқабата ривоҷ ёфт. Дар ин давра бинои университет дар Ленинские горы, бинои Вазорати корҳои хориҷа, меҳмонхонаҳои «Украина» ва ғ. ба ҳусни шаҳр ҳусни нав зам карданд.

Аз соли 1955 инҷониб биносозӣ аз ҳудуди шаҳр берун баромад; аз рӯи лоиҳаҳои типӣ районҳои калони аҳолинишини Ҷанубу Ғарб, Новые Черемушки, Химки—Ховриио, Чертаново, Тропарево ва ғ. буньёд шуданд. Дар макрази шаҳр хиёбонҳои васеъу зебои Комсомольский, Калинин сохта шуданд. Аз солҳои 60 сохтмони биноҳои калони ҷамъиятии Қасри съездҳои Кремль, Қасри пионерони мактабиён, кинотеатрҳои «Рос­сия» «Октябрь» ва дигарон cap шуд. Соли 1971 Плани генералии тараққиёти Москва барои 25—30 сол тасдиқ карда шуд.

Москва аз аввалин рӯзҳои барпо гардидани республикаҳои советии со­циалистӣ ба ҳамаи республикаҳо, аз он ҷумла ба РСС Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо —илм маданият ва санъат, иқтисодиёт ёрии калон расонда мео­яд. Бо ақидаи олимони Москва дар рес­публика кадрҳои илмӣ тарбия ёфтанд ва шароит фароҳам омад, ки АФ РСС Тоҷикистон ташкил карда шавад. Ҳамкории олимони Тоҷикистон бо кормандони илмии як қатор институтҳои АФ СССР, ки дар Москва воқеъ аст, торафт инкишоф меёбад. Бо мадади олимони Институти математика, Институти физика, Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, Институти геология, Институти физикаи Замин, Институти фалсафа, Институ­ти иқтисодиёт, Институти шарқшиносӣ, Институти адабиёти ҷаҳонӣ ва дигарон институту донишкадаҳои илмӣ Тоҷикистон тараққӣ менамояд.

Донишкадаҳои олии санъати Москва, аз ҷумла Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС), Институти давлатии умумииттифоқии кинематография (ВГИК), Консерваторияи давлатӣ, Институти рассомии ба номи В. И. Суриков ва ғ. барои Тоҷикистон низ кадрҳои баландихтисоси санъат тайёр мекунанд. Дар Москва даҳаю рӯзҳои маданияти Тоҷикистон гузаронида шуданд. (Солҳои 1941, 1957, 1967, 1977). Ҳамкории санъаткорони Москва ва Тоҷикистон ба пешрафти маданияти республика кӯмак мерасонад. Санъаткорони номӣ Б. В. Бибиков, О. И. Пыжова, И. Проценко, К. Я. Голейэовский, И. Волькенштейн, Е. Г. Чемодуров, Е. И. Мительман, С. Н. Баласа­нян ва дигарон дар ташаккули санъати Тоҷикистон ҳиссаи калон гузоштаанд.

Дивизияи кавалерии кӯҳии 20-уми ордени Ленин ва Байрақи сурхдор, ки соли 1941 аз Тоҷикистон фиристода шуда буд, дар муҳорибаҳои назди Москва қаҳрамонона ҷангид. Дар яке аз задухӯрдҳо тупчии тоҷик А. Пирмуҳаммадов ду танки душманро зада аз кор баровард ва қаҳрамонона ҳалок шуд. 150 нафар ҷанговарон ва командирони дивизия мукофотҳои Ҳукуматӣ гирифтанд. Тоҷикистон, аз он ҷумла меҳнаткашони вилояти Ленинобод ба муҳофизони Москва бисьёр тӯҳфа ва 5 вагон либосу хӯрокворӣ фиристоданд.

Шаҳри Москва дар тараққӣ додани иқтисодиёти республика роли калон бозид ва мебозад. Ҳанӯз дар солҳои барпошавии Ҳокимияти Советӣ Москва ба республикаи ҷавони Тоҷикистон мошину механизм, либос, хӯрокворӣ мефиристод. Дар роҳҳои рес­публика мошини боркаши «ЗИЛ», мошини сабукрави «Москвич»-и заводи

Комсомоли Ленинӣ мегарданд. Яхдони рӯзгори «ЗИЛ», телевизору ради­оприёмники истеҳсоли корхонаҳои Москва дар республика фаровон истифо­да мешаванд. Дастгоҳи металлбурӣ, маҳсулоти резинӣ, трансформатор, двигатели электрикӣ, таҷҳизоти электрикӣ, масолеҳи бинокорӣ, рангубор, таҷҳизот барои истеҳсолоти рехтагарӣ, компрессор ва бисьёр дигар мошину механизмҳои истеҳсоли корхонаҳои Москва ба тараққиёти иқтисодиёти Тоҷикистон ёрии калон мерасонанд.

Саноат ва хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар навбати худ ба Москва маҳсулот мефиристанд. Иттиҳодияи «Тоҷикторгмаш ба Москва асбоб ва зарфҳои гуно­гуни рӯзгор, плитаи электрикӣ; заводи техникаи рӯшноидиҳандаи Исфара лампаҳои гуногуни электрикӣ; заводи «Стройинструмент»-и ш. Турсунзода хел асбоби бинокорӣ, заводи Қӯрғонтеппа трансформатори хурдҳаҷм; заводи таҷрибавии технологии Кӯлоб асбобҳои челонгарию монтажкунӣ; заводи «Тоҷиктекстильмаш»-и ба номи Ф. Э. Дзержинский Душанбе дастгоҳҳои калобаресӣ, заводи яхдон қисмҳои эҳтиётии яхдони рӯзгори «Помир» ва бисьёр дигар маҳсулот мефиристанд. Инчунин ба миқдори зиёд дастгоҳи сӯфтагарӣ, ғарғараи борбардор, сим, нахи софи пахта, абрешим фиристо­да мешавад.

Сокинони Москва аз кишвари тоҷи­кон ба миқдори зиёд ангур, меваҷоти хушку тар, сабзавот, консервҳои мевагӣ мегиранд. Дар Москва идораи намояндагии доимии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Алоқаҳои иқтисодию маданӣ ва илмии Тоҷикистон ва Москва торафт мус­таҳкам мегардад.

Ад.: Очерки истории Московской орга­низации КПСС, М., 1966; Москва аа 50 лет Советской власти, М., 1968: Ленин и московские большевики, М., 1969; В. И. Ленин о Москве, М., 1975; История Мо­сквы в годы Великой Отечественной Войны и в послевоенный период, М., 1977; История Москвы, М., 1976; Москва в цифрах, М., 1964 и 1967; Игнатьев Г. С., Москва в первый год пролетарской диктатуры. М., 1975; Добродомов А. А., Москва — центр науки. М., 1964; А л ищенко Н. М., ва диг, Московс­кое ополчение, М., 1969; Битва за Моск­ву, М., 1966; Москва — фронту, М., 1966; Документы трудовой славы москвичей, М.. 1967; Герои огненных лет. М., кн. 1-я, 1975, кн. 2-я 1976; Тихомиров М. Н., Древняя Москва, М., 1947; Москва ка­кой она будет. М., 1976; Ястрежембский Л. А., шегал М. М., Революци­онные памятные места Москвы, М., I960; Дягилев Д. В., Москва — столица СССР, М.. 1962.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …