Маълумоти охирин
Главная / Техника / МОШИНИ ТРИКОТАЖ

МОШИНИ ТРИКОТАЖ

trikotajМОШИНИ ТРИКОТАЖ, мошинест барои бо роҳи механикӣ бофтани матои трикотажӣ ё маснуоти донабоф (мас., ҷӯроб, дастпӯшак). Мошини трикотаж аз ресмон ҳалқаҳо ҳосил карда ва ин ҳалқаҳоро дар шаклҳои гуногун мебофад (ниг. Бофти тору пуд). Мошинҳои трикотаж аз ҳамдигар вобаста ба таъинот, сохт, намуди сӯзанҳои трикотажбофӣ ва ғ. фарқ доранд. Мас., баъзе аз ин мошинҳо матои ҳамвор, мошинҳои дигар матои лӯлашакл, навъи сеюми онҳо фақат маснуоти донабоф истеҳсол мекунанд. Узвҳои кории Мошини трикотаж асосан инҳоанд: механизми ҳосилкунии ҳалқа (механизми бофт), механизми таҳвили ресмон, мехашоми берун кардани маснуоти тайёр. Дар Т. м. процессҳои бофти маснуот бо ёрии механизмҳои назоратӣ аз ресмон бефосила таъмин шудани мошин, тарангии якхелаи ресмон, коршоямии сӯзанҳо ва ғ. автоматонида мешаванд. Мошинҳои трикотажи истеҳсоли заводҳои РФГ, ШМА, Англия, РСЧС (раем), РДГ маъмуланд. Инкишофи минбаъдаи мошинҳои трикотаж боиси баланд шудани сифати кори онҳо, зиёд кардани миқдорн системаҳои ҳалқаҳо ва автоматонидани процессҳои бофт мегардад.

Х.Саидов,

 

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …