Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОҲИ СИНОДӢ

МОҲИ СИНОДӢ

mohi-sinodyМОҲИ СИНОДӢ (аз юн. synodos— қирон, наздикшавӣ), фосилаи вақтест байни ду фазаи якхелаи пайдарпаи Моҳ (мас., аз ҳилол то ҳилол).

Моҳи синодӣ асоси солшумории қамарӣ гардид, ки он дар замонҳои қадим аз зарурати ба ҳисоб гирифтани фосилаҳои калони вақт пайдо шуда буд ва дар он моҳҳо бонавбат 29 ва 30 шаборӯзӣ ҳисоб карда мешуданд. Дар асл бошад, ҳар як моҳи нави астрономӣ ба сабаби эллипей будани мадори Моҳ ва лағзиши гиреҳи мадор аз 29,25 шаборӯз то 29,83 шаборӯз тағйир ёфта меистад. Дар замони мо қимати миёнаи Моҳи синодӣ ба 29,530588 шаборӯзи офтобӣ ё 29 шаборӯзу 12 с 44 дақ 2,28 сон баробар аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …