МИЛЕВ Йордан (таваллуд 15. 1. 1933, деҳаи Алтимири округа Врачанек), нависанда ва тарҷумони булғор. Унститути «Климент Охридски»-и Софияро хатм намудааст. Солҳои зиёде алманахи «Дружба» («Дӯстӣ»)-ро таҳрир мекард.
ҳоло сармуҳаррири нашриёти «Народная младеж».
Муаллифи маҷмӯаҳои «Меҳри рангин» (1964), «Рақси оташ», «Қисмат» (ҳар ду 1967), «Монанди ангуштарини Кайвон», «Достони Шарқ» (ҳар ду 1968), «Зан дар болои теппа» (1971), «Одамон ва биёбон» (1973), «Имрӯзу фардо» (1975). Милев бо нашри нахустин таълифоташ машҳур гардид. Тарҷумони низ дар эҷодиёти ӯ мавқеи хос дорад. Ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ Хайём, Низомӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва намунаҳои эҷодиёти М. Турсунзода, Лоиқ ва диг. шоирони тоҷикро ба забони булғорӣ тарҷума кардааст. Ба маҷмӯаи ашъори шоирони булғор, ки бо унвони «Соҳили заррин» (1978) ба тоҷикӣ нашр шуд, сарсухан навиштааст. Лауреати Мукофоти комсомоли димитрови. Бисьёр шеърҳои Милев ба забонҳои халқҳои СССР, аз он ҷумла ба тоҷикӣ тарҷума гардидаанд. Милев шаҳру районҳои Тоҷикистонро саёҳат намуда, як силсила очеркҳо навиштааст, ки бо унвони «Диёри домани гардун» соли 1979 ба забонн тоҷикӣ чоп шуд. Барои хизматҳояш дар тарҷума ва тарғиби адабиёти тоҷик дар Булғория бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии PСC Тоҷикистон мукофотонида Шудааст.
П. Турсунзода.