Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТЕОРИТИ ТУНГӮС

МЕТЕОРИТИ ТУНГӮС

tungusМЕТЕОРИТИ ТУНГӮС, номи як воқеаи нодири табиат аст, ки соати

7 пагоҳии 30 июни 1908 дар ҳавзаи д.  Подкаменная Тунгуска (ҳозира округи автоп. Эвенкхо, кишв. Красноярски РСФСР) рӯй дода буд. Падидаи мазкур ба ҳодисаи афтиши метеоритҳо монандӣ дошт, аз ҷиҳати миқёс аз он ба куллӣ фарқ мекард.

Дар давоми якчанд сония дар осмон болид (сокиба)-и дурахшони чашмхиракунанда (ниг. Метеорҳо) мушоҳида шуд, ки аз Ҷ. Ш. ба

111 шм. Ғ. ҳаракат мекард. Дар роҳи ҳаракати болид, ки дар терр. калони Сибири Шарқӣ намоён буд (дар доираи диаметраш то 1600 км), якчанд соат низ ғафси рубор боқӣ монд. Баъд таркиши азиме ба амал омад, ки дар масофаи зиёда аз 1000 км шунида шуд. Мавҷи ҳаво бисьёр одамон ва ҳайвоноти хонагиро аз по афтонда, дарахтонро ғалтонда, боиси ваҳму воҳима гардид. Садои сейсмологӣ дар Иркутск ва як қатор мавзеъҳои Европаи Ғарбӣ мавҷи зилзиларо сабт карданд.

Воқеаи мазкур ҳанӯз ба қадри кофӣ таъбири илмӣ наёфтааст. Дар байни тахмину тавзеҳоти сершуморе, ки то ҳол пешниҳод шудаанд, фарзияи эерин бештар нуфуз дорад: гумон меравад, ки ба атмосфераи Замин комета (зузанаб)-и начандон калон бо суръати кайҳонӣ дохил шудааст. Дар баландии 10 км тамоми ҷисми «комета» ба газ табдил ёфта, дар атмосфера пош хӯрдааст. Ин буд, ки он вақт дар Сибири Ғарбӣ ва Европа шабоҳе чанд мисли рӯз равшан буданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …