Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТЕОРИТИ ТУНГУС

МЕТЕОРИТИ ТУНГУС

tungusМЕТЕОРИТИ ТУНГУС, номи як вокеаи нодири табиат аст, ки соати

7 пагохии 30 июни 1908 дар хавзаи д.  Подкаменная Тунгуска (хозира округи автоп. Эвенкхо, кишв. Красноярски РСФСР) руй дода буд. Падидаи мазкур ба ходисаи афтиши метеоритхо монанди дошт, аз чихати микёс аз он ба кулли фарк мекард.

Дар давоми якчанд сония дар осмон болид (сокиба)-и дурахшони чашмхиракунанда (ниг. Метеорхо) мушохида шуд, ки аз Ч. Ш. ба

111 шм. Г. харакат мекард. Дар рохи харакати болид, ки дар терр. калони Сибири Шарки намоён буд (дар доираи диаметраш то 1600 км), якчанд соат низ гафси рубор боки монд. Баъд таркиши азиме ба амал омад, ки дар масофаи зиёда аз 1000 км шунида шуд. Мавчи хаво бисьёр одамон ва хайвоноти хонагиро аз по афтонда, дарахтонро галтонда, боиси вахму вохима гардид. Садои сейсмологи дар Иркутск ва як катор мавзеъхои Европаи Гарби мавчи зилзиларо сабт карданд.

Вокеаи мазкур хануз ба кадри кофи таъбири илми наёфтааст. Дар байни тахмину тавзехоти сершуморе, ки то хол пешниход шудаанд, фарзияи эерин бештар нуфуз дорад: гумон меравад, ки ба атмосфераи Замин комета (зузанаб)-и начандон калон бо суръати кайхони дохил шудааст. Дар баландии 10 км тамоми чисми «комета» ба газ табдил ёфта, дар атмосфера пош хурдааст. Ин буд, ки он вакт дар Сибири Гарби ва Европа шабохе чанд мисли руз равшан буданд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …