Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МЕҲНАТИ ХУСУСӢ

МЕҲНАТИ ХУСУСӢ

mehnati-khususiМЕҲНАТИ ХУСУСӢ, меҳнати молистеҳсолкунандагон, ки зоҳиран ба якдигар вобаста набуда, хоҷагии худро дар асоси моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот мустақилона пеш мебаранд. Вале тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва мубодилаи маҳсулоти меҳнат дар байни истеҳсолкунандагони хусусӣ нишон медиҳад, ки меҳнати онҳо бо вуҷуди ҳамаи ин характери ҷамъиятӣ дорад. Аз ин рӯ, меҳнати ҳар як молистеҳсолкунанда дар як вақт ҳам Меҳнати хусусӣ ва ҳам меҳнати ҷамъиятӣ мебошад. Зиддияти асосии истеҳсолоти оддии молӣ зиддияти байни меҳнати ҷамъиятӣ ва Меҳнати хусусӣ аст, ки он дар ҷараёни мубодила зоҳир мегардад. Ба воситаи хариду фурӯш як мол бо моли диг. муқоиса шуда, Меҳнати хусусии молистеҳсолкунандаи ҷудогона меҳнати ҷамъиятӣ дониста мешавад. Дар замони капитализм коргарон ва воситаҳои меҳнат дар корхонаҳо бисёр ҷамъ мешаванд, истеҳсолот торафт характери ҷамъиятӣ пайдо мекунад. Дар ин ҷо зиддияти байни меҳнати ҷамъиятӣ ва Меҳнати хусусӣ ба дараҷаи зиддияти байни характери ҷамъиятии истеҳсолот ва шакли хусусию капиталистии азхудкунии маҳсулоти он мерасад. Дар замони социализм тамоми меҳнате, ки дар хоҷагии халқ сарф мегардад, бевосита меҳнати ҷамъиятӣ мебошад ва мувофиқи план дар мтдося ҷамъият ташкил карда мешавад.

М. Мамадназарбеков

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …