Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МЕХНАТИ ХУСУСИ

МЕХНАТИ ХУСУСИ

mehnati-khususiМЕХНАТИ ХУСУСИ, мехнати молистехсолкунандагон, ки зохиран ба якдигар вобаста набуда, хочагии худро дар асоси моликияти хусуси ба воситахои истехсолот мустакилона пеш мебаранд. Вале таксимоти чамъиятии мехнат ва мубодилаи махсулоти мехнат дар байни истехсолкунандагони хусуси нишон медихад, ки мехнати онхо бо вучуди хамаи ин характери чамъияти дорад. Аз ин ру, мехнати хар як молистехсолкунанда дар як вакт хам Мехнати хусуси ва хам мехнати чамъияти мебошад. Зиддияти асосии истехсолоти оддии моли зиддияти байни мехнати чамъияти ва Мехнати хусуси аст, ки он дар чараёни мубодила зохир мегардад. Ба воситаи хариду фуруш як мол бо моли диг. мукоиса шуда, Мехнати хусусии молистехсолкунандаи чудогона мехнати чамъияти дониста мешавад. Дар замони капитализм коргарон ва воситахои мехнат дар корхонахо бисёр чамъ мешаванд, истехсолот торафт характери чамъияти пайдо мекунад. Дар ин чо зиддияти байни мехнати чамъияти ва Мехнати хусуси ба дарачаи зиддияти байни характери чамъиятии истехсолот ва шакли хусусию капиталистии азхудкунии махсулоти он мерасад. Дар замони социализм тамоми мехнате, ки дар хочагии халк сарф мегардад, бевосита мехнати чамъияти мебошад ва мувофики план дар мтдося чамъият ташкил карда мешавад.

М. Мамадназарбеков

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …