Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САНЪАТИ ИБТИДОӢ

sanati-ibtido-naksh

САНЪАТИ ИБТИДОӢ, санъати давраҳои қадимтарини инсонист, ки тақрибан 30 ҳазор сол муқаддам, баробари пайдоиши одами типи ҳозира Ноmо (одами оқил) ва пайдоишу инкишофи маданияти археологии давраи охири палеолит ба вуҷуд омадааст. Бо такомули олоти меҳнат диди эстетикӣ ва олами маънавии одами қадим ғанӣ гашта, майлу зарурати инъикоси мавҷудоту махлуқот ва …

Муфассал »

САНЪАТИ АКТЕРӢ

sanati-aktyori-teatr

САНЪАТИ АКТЕРӢ, 1) дар те а т р, санъати офаридани образҳо дар саҳна. Инъикоси ҳаёт дар саҳна маҳз тавассути Санъати актёрӣ ба вуқӯъ меояд. Ба тамошобинон намоиш додани асари театрӣ нуқтаи олии эҷодиёти актёр мебошад. Актёр ҳангоми дар спектакл ролеро иҷро намудан ба қиёфаи қаҳрамон модарояд, аз номи ӯ гап …

Муфассал »

САНЪАТ

sanat

САНЪАТ, яке аз шаклҳон шуури ҷамъиятӣ, қисми таркибии маданияти маънавии инсоният, як навъ дарки амалию маънавии олам. Санъат соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ — мусиӣ, рассомӣ, театр, адабиёти бадеӣ ва ғайраро дар бар мегирад, ки онҳо шаклҳои бадеию образноки тасвири воқеият мебошанд. Ба маънои васеаш Санъат— ҳама гуна фаъолият ва мақсули …

Муфассал »

Шаҳри САН-ХУАН

s1200huan

САН-ХУАН, шаҳр, маркази маъмурии Пуэрто-Рико. Дар ҷисми шимоли ҷазираи Пуэрто-Рико, шаҳри кӯҳнааш дар ҷазираи на чандон калон ҷой гирифтааст. Иқлимаш тропикӣ, ҳарорати миёнаи январи 24°Селсия, июл 28°Селсия, боришоти солона 1550 миллиметр. Аҳолиаш 1035 ҳазор нафар (1980, бо атрофаш). Узели роҳҳои шоссе, бандари асосии мамлакат. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ, пойафзол, дӯзандагӣ, …

Муфассал »

Шаҳри САН-ХОСЕ

san-hose

САН-ХОСЕ, пойтахти Коста-Рика. Маркази асосии саноатӣ ва мадании мамлакат. Дар баландии 1165 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Аз Сан-Хосе шоссеи Панамерика мегузарад. Иқлимаш субэкваторӣ; ҳарорати миёнаи январи 18,5°Селсия, июл 20,8’Селсия; боришоти солона 1850 31метр. Серзилзила. Аҳолиаш зиёда аз 450 ҳазор нафар (1982). Тавассути роҳи оҳан бо бандарҳои Пунтаренас (уқёнуси …

Муфассал »