Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МЕҲНАТ

mehnat

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МЕҲНАТ (ТБМ), муассисаи махсуси ТДМ барои кор карда баромадани конвенсияю пешниҳодҳо роҷеъ ба масъалаҳои қонунгузории меҳнат. Соли 1919 дар Лигаи Миллатҳо таъсис ёфта буд. Охири соли 1980 ба Ташкилоти байналхалқии меҳнат 144 давлат (СССР, РССУ, РССБ) дохил буд. Қароргоҳаш Женева, Органҳои асосиаш коиференсияи генералӣ, Совети маъмурӣ ва Бюрои …

Муфассал »

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЖУРНАЛИСТОН

tb-zhurnaliston

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЖУРНАЛИСТОН (ТБЖ), ташкилоти байналхалқиест, ки иттифоқҳои миллии журналистон, гурӯҳҳои миллии журналистон ва журналиотони алоҳидаро муттаҳид мекунад. Соли 1946 дар конгресси байналхалқии журналистон, дар Копенгаген ташкил шуд. Ташкилоти байналхалқии журналистон давомдиҳандаи кори Федерацияи байналхалқии журналистон (таъсисаш 1926) ба шумор меравад. Иттифоқҳои миллии журналистони СССР, Полша, Чехословакия, Венгрия, Булгория, Румыния, …

Муфассал »

ТАШКИЛИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ

transport

ТАШКИЛИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ, ташкили ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, маҷмӯи тадбирҳоеро гӯянд, ки дар роҳҳо бо суръати матлуб ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт ва бехатарии онро таъмин менамояд. Дар Конференсияи ТДМ (Бена, 1968) шартномаҳои байналхалқӣ — «Конвенсия оид бд ҳаракати нақлиёт» ва «Конвенсия дар бораи аломат ва ишоратҳои роҳ» қабул шудаанд, ки дар …

Муфассал »

ТАШКИЛИ ИЛМИИ МЕҲНАТ

bozori-mehnat

ТАШКИЛИ ИЛМИИ МЕҲНАТ, просесси дар заминаи комёбиҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам такмил додани ташкили меҳнатро гӯянд. Дар давраи сосиалисти он ягонагии манфиатҳои ҷамъият, коллектив ва ҳар як коргарро ифода намуда, барои ташкили хуби шаклҳои истифодаи меҳнат равона шудааст. Дар давраи капитализм ба пурзӯр шудани истисмори меҳнаткатон оварда мерасонад. Дар …

Муфассал »

ТАШБИБ

sher

ТАШБИБ (арабӣ — зикри айёми ҷавонӣ), дар шеъри классикии форс-тоҷик ҷузъе аз қасидаи мадҳист, ки дар он айёми шабоб (ҷавонӣ)-и шоир ёд мешавад. Дар ашъори шоирони гузаштаи форс-тоҷик бисёр ташбибҳое пеш меоянд, ки дар онҳо гоҳе аз ишқу ҷавонӣ, гоҳе аз вазъи зиндагии шоир сухан меравад. Чунин ташбибҳо барои омухтани …

Муфассал »