Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕЛЕФОН

telefon

ТЕЛЕФОН (аз теле… ва юнонӣ рhone — садо), 1) асбоби электроокустикиест барои ба лалишҳои савтӣ табдил додани лапишҳои электрӣ. Вобаста ба тарзи табдили лапиш электромагнитӣ, электродинамикӣ ва пезоэлектрӣ мешавад. Телефонҳои электромагнитӣ бештар маъмуланд. Телефонро аппаратҳои телефон, коммутаторҳо ва асбобҳои радиотехникӣ (масалан, дар радиостанцияҳои қабулу ирсол), баъзан дар схемаҳои махсуси андозагирӣ …

Муфассал »

ТЕЛЕСКОП

teleskop

ТЕЛЕСКОП (аз теле… ва юнонӣ нигоҳ, мекунам), афзори оптикии астрономист барои мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ. телескопҳои оинагӣ (рефлекторҳо), линзагӣ (рефракторҳо) ва оинагию линзагӣ мавҷуданд. Рефракторҳо асосан дар астрометрия, рефлекторҳо ва телескопҳои оинагию линзагӣ дар астрономия барои тадқиқоги астрофизикӣ истифода мешаванд. Барои гирифтани сурати объектҳои осмонӣ дар фокуси телескоп фотолавҳа ё фотанавор …

Муфассал »

ТЕЛЕТАЙП

teletype

ТЕЛЕТАЙП (аз теле… ва англисӣ— бо мошинка сабт кардан), дастгоҳи клавишдори қабулу ирсолкунандаи чопиро гӯянд. Барои бо каналҳои алоқа ба масофаи дур нақл намудачш ахбор (телеграмма, кодограмма) ва ба сифати олати вориду содир (терминал)-и ҳисобмошинҳои электронии системаҳои автоматонидашудаи коркарди маълумот истифода мешавад. Ҳангоми қабул ахбор ба коғаз автоматӣ чоп мешавад. …

Муфассал »

ТЕЛЕСИГНАЛОНӢ

telesignaloni

ТЕЛЕСИГНАЛОНӢ (ТС), сигналдиҳиест аз масофа, ки тавассути олатҳои телемеханика ба амал меояд; як фасли телемеханикаро гӯянд ки услубҳои ирсоли информацияи дискретиро доир ба ҳолати объекти назоратшаванда (масалан, «кушодапӯшида,«васлшуда васлнашуда») ва воситаҳои ба шакли мувофиқ (барои идроки бевоситаи оператор, ба мошин идоракунанда дохил намудаи, автоматӣ ба қайд гирифтан) овардани онро меомӯзад. …

Муфассал »

Бурҷи ТЕЛЕСКОП

osmondara

ТЕЛЕСКОП (лотинӣ Теleskopium), бурҷи на чандон калонест дар Нимкураи ҷанубии осмон. Қадри зоҳирии ситоравии муниртарин ситорааш ба 3,5 баробар аст. Шароити мусоиди мушоҳида июл— август, қисман аз ноҳияҳои ҷанубии СССР намоён аст. Нигаред низ Осмон.

Муфассал »