Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕППАИ ШОҲ

ТЕППАИ ШОҲ, ёдгории археологии мансуб ба давраи Кушониён (асрҳои 1—3 м.), ки дар ҳудуди раёнии Қабодиёни вилояти Қӯрғантеппа, дар соҳили дарёи Аму воқеъ аст. Теппаи шафтолубоғ соли 1928 кашф гардид. Солҳои 1957 (А. М. Манделштам) ва 1972 (Б. А. Литвинский) ҳафриёти археологӣ гузаронида шуд. Теппаи шоҳ аз чашд қисм иборат …

Муфассал »

ТЕППАИ ШАФТОЛУБОҒ

ТЕППАИ ШАФТОЛУБОҒ, ёдгории археологиест мансуб ба асрҳои 3—2 то мелод, ки дар соҳили дарёи Панҷ воқеъ аст. Нигаред низ Саксанохур.

Муфассал »

Деҳаи ТЕППАИ САМАРҚАНДӢ

ТЕППАИ САМАРҚАНДӢ, деҳаест дар совети қишлоқи Роҳатии раёни Ленини РСС Тоҷикистон. Дар ҳудуди колхози «Роҳатӣ». Аз деҳа то маркааи совети қишлоқ 10 км, то район 38 км. Аҳолиаш 1250 нафар (1966). Деҳа мактаби миёна, пункти тибби, фермаи бӯрдоқипарварӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагиаш пахтакорӣ, галлакорӣ, боғу тоқдорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорӣ.

Муфассал »

ТЕППА дар археология

ТЕППА дар археология, баландиеро гӯянд, ки аз хароботи биноҳои қадимӣ ба вудуд омада, аз қабатҳои маскун иборат аст. Ин намуди ёдгории археологӣ дар Осиёи Миёна, Кавказ (тапа), Шарқи Наздик (арабӣ— тал), Ҳиндустон ва Балкан) (юнонӣ— магула; македонӣ — тумба) ва ҷойҳое, ки зироат инкишоф ёфта буд, хеле зиёд аст. Дар …

Муфассал »

ТЕППАИ ПИРМУХАММАД

ТЕППАИ ПИРМУХАММАД, теппа, ёдгории археологии мансуб ба давраи атиқа, ки дар канори ҷанубу шарқии деҳаи Шаҳристони раёни Ӯротеппаи вилояти Ленинобод воқеъ аст. Дар он гурӯҳи қабрҳои аввали милод ва асрҳои 10—12 ёфт шудаанд. Солҳои 1956—58 омӯхта шудааст. Дар қабрҳои асрҳои 1—2, ки аз чуқуриҳои одди иборатанд, ғаир аз скелет зарфҳои …

Муфассал »