Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФАРАД

ФАРАД, воҳиди гунҷоишн электрик дар Системаи воҳидҳои байналхалқӣ ва Системаи воҳидҳои МКСА. Ба шарафи М. Фарадей гузошта шудааст. Ишораташ Фарад аст. Маъмулан як ҳиссаи муайяни Фарад (микрофарад, пикофарад)-ро дар амалия истифода мебаранд; 1Ф = 8,99 · 1011 см (воҳиди СГСЭ) = 10-9 воҳиди СГСМ.

Муфассал »

ФАР

ФАР (аз авестои — кharenang, паҳлавӣ — кhаг), фарри каёнӣ, фурӯғу шукӯҳи бузург ва нируи тавоноеро гӯянд, ки дар дини зардуштӣ Аҳурамаздо ба пайғамбар ё худ подшоҳ мебахшидааст. Онро маъмулан фарри эзидӣ ё фарри ориёӣ низ меномиданд. Дар «Корномаи Ардашери Вабакон» қайд шудааст, ки фарри эзидӣ дар пайкари гӯсфанде ҳамеша …

Муфассал »

ФАНТАСТИКАИ ИЛМӢ

fantastika

ФАНТАСТИКАИ ИЛМӢ, як навъи адабиёти бадеии фантастикист, ки мавзӯи асосии он пешбинӣ ё таҷдиди бадени ояндаи инсон ва ҷомеан инсонӣ мебошад. Ҳарчанд бархилофи назму насри реалистӣ дар фантастикаи илмӣ хаёлюти одамӣ дар чаҳорчӯбаи ҳаёти воқеӣ, характерҳо ва низоъҳои «муқаррарӣ» ва ё тасаввуроти маълуму маъмули илмию техникӣ маҳдуд нест, бо вуҷуди …

Муфассал »

ФАНТАСТИКА

fantastika

ФАНТАСТИКА (аз юнонӣ phantastice — ҳунари тасавввур), тахайюлот, ба маънии куллӣ як шакли хоси эҷодиёти бадеист, ки тавассути он дар заминаи идроку тасаввуроти воқеӣ манзараи «ғайривоқеии» одаму олаи (рамзҳо ё образҳои муболиғаомези шоирона аp қабили «гилеми кабуд», «аспи чӯбин» ё «сандалвор», сюжетҳои мӯъҷиpаосо мисоли қиссаи гилемгӯшон ва ғайра) офарида мешавад. …

Муфассал »

ФАНОӢ (Шайх Аҳмади Халхолӣ)

ФАНОӢ (Шайх Аҳмади Халхолӣ таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри -16). Аз улуми расмии давраш баҳравар будааст. Намунаҳои осораш тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. Ин абёт аз ӯст: Афтода ба по зулфи сумансои ту аз чист? Девона манам, силсила бар пои ту аз чист? Метапад парвонаву дар изтироби мурданаст, Ту …

Муфассал »