Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Ангури ФАХРӢ

angur

ФАХРӢ, пешпазак, шакармавизӣ, фахрии хуфакӣ, навъи ангури миёнсолӣ. Селексияи халқӣ. Асосан дар раёнҳои токдории вилояти Ленинобод (Конибодом, Хуҷанд, Уротеппа, Пролетар, Нов), раёнҳои гурӯҳи Ғарм ва водии Ҳисори РСС Тоҷикистон, вилоятҳои Тошкент, Фарғонаи РСС Узбакистон, инчунин Эрон паҳн шудааст. Токаш тезсабз, 25—29%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш мудаввар, 5—7 парра, хӯшааш 280—300 г …

Муфассал »

ФАХРУЗЗАМОНӢ Мулло Абдуннабии Қазвинӣ

ФАХРУЗЗАМОНӢ Мулло Абдуннабии Қазвинӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва тазкиранигори эронӣ (асри 17). Аз оилаи тоҷир. Шаҷараи авлодаш гӯё ба Абдуллоҳи Ансорӣ мерасидааст. Фахруззамонӣ дар зодгоҳаш камол ёфт. Дар аввал Иззатӣ тахаллус мекард. Дар 19-солагӣ ба Машҳад ва Ҳиндустон рафт. Асарҳояшро дар Ҳиндустон навиштааст. Аз асарҳои Фахруззамонӣ то …

Муфассал »

ФАХРУДДИНИ ХУҶАНДӢ

ФАХРУДДИНИ ХУҶАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқишиноси тоҷик (асрҳои 14—15). Дар Хуҷанд ба дунё омада, илмҳои бадеъ, фалсафа, риёзиёт ва мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Фахруддини Xуҷандӣ дар санъати китобат ва сураткашӣ низ истеъдоди баланд дошт. У бо тахаллуси Савтӣ шеър ҳам мегуфт ва худаш оҳанг мебаст. Фахруддини Xуҷандӣ дар …

Муфассал »

ФАХРУДДИНИ ИРОҚӢ

ФАХРУДДИНИ ИРОҚӢ Шайх Иброҳим ибни Бузургмеҳр ибни Абдулғаффори Ҷаволиқии Ҳамадонӣ (1213, Камҷон ё Камеҷони Ҳамадон —1289, Димишқ), шоири форс-тоҷик. Ироқӣ тахаллус дошт. Нигаред Ироқӣ.

Муфассал »

ФАХРУДДИНИ ГУРГОНӢ Асад

ФАХРУДДИНИ ГУРГОНӢ Асад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш, таҳсили илм, воқеоти давраи ҷавонӣ ва камолоташро тазкиранависон наовардаанд. Аз ашъораш бармеояд, ки ӯ илмҳои замонашро хуб омӯхта буд, аз адабиёти форс-тоҷик, адабиёти араб вуқуфи комил дошт ва бо забони паҳлавӣ низ шинос буд. Фаъолияти …

Муфассал »