Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФЛЕБИТ

flebit

ФЛЕБИТ (аз юнонӣ flebos — вена, варид, сиёҳранг), илтиҳоби девораҳои вена (раги варид) -ро гӯянд, ки ҳангоми сироят ё ба вена гузаронидани моддаҳои ангезанда ба вуҷуд меояд. Флебит венаи даромадгоҳи ҷигар (пилефлебит) дар батн одатан чун боди бемориҳои илтиҳобӣ ё римовар пайдо мешавад. Инкишофи склероз (тасаллуб)-и вена оқибати Флебит шуда …

Муфассал »

ФЛАВИНҲО

ФЛАВИНҲО (аз лотинӣ flavus — зард), пайвастҳои органикии табииеро гӯянд, ки дар таркиби ҳамаи ҳуҷайраҳои зинда мавҷуданд. Онҳо моддаҳои фаъоли биологии муҳиманд (масалан, рибофлавин ва ҳосилаҳои он), ки дар ҷараёни оксиду барқароршавии моддаҳо дар организм иштирок мекунанд.

Муфассал »

ФИҶИ

fiji

ФИҶИ (Ғiji), давлатест дар Уқёнусия, дар қисми ҷанубу ғарби уқёнуси Ором, дар ҷазираҳои Фиҷи. Ба Иттиҳоди Британия дохил аст. Масоҳаташ 18,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 672 ҳазор нафар (1983) ; асосан фиҷигиҳо ва ҳиндуҳо. Забони расмӣ англисӣ. Диндорон ба масеҳия, ҳиндуия ва ислом эътиқод доранд. Пойтахташ шаҳри Сува. Органи қонунбарор парламенти …

Муфассал »

ФИҚҲ

islam-koran

ФИҚҲ арабӣ — донистан, фаҳмидан, дарофтан), як қисми илоҳиёти ислом ва қисми таркибии шариат аст, ки қоидаю қонунҳои шаръӣ ва ҳуқуқиро танзим мекунад. Донандаи қоидаву қонунҳои шаръию ҳуқуқиро фаҳеқ мегӯянд. Фақеҳон ҳам илоҳиётшинос ва ҳам ҳуқуқшиносони исломанд. Онҳо дар асоси Қуръон, суннат, иҷмоъ, қёс масъалаҳои системаи ҳуқуқи шаръӣ (илми ибодат), …

Муфассал »

ФИШОРИ РӮШНОӢ

ФИШОРИ РӮШНОӢ, фишорест, ки рӯшноӣ ба ҷисми фурӯбаранда ё инъикоскунанда таъсир мекунад. Онро бори аввал П. Н. Лебедев дар таҷриба мушоҳида намуд. Фишори рушноӣ натиҷаи импулси фотонҳои фурӯраванда ва инъикоси валда Мебошад. Ҳангоми таъсири нури Офтоб ба ҷисмҳои бузург ниҳоят кам аст.

Муфассал »