Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФОРОБӢ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон

ФОРОБӢ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон (873, Фороб—950, Димишқ), олими энсиклопедист ва файласуфи Шарқи Наздику Миёна. Форобӣ дониши ибтидоиро дар зодгоҳаш деҳаи қадимаи Фороб гирифта, сипас барои такмили илм ба Бухоро ва Бағдод сафар кард. Илми фалсафаро дар назди донишмандони давр Абӯбишри Матто ва Юҳанно ибни Хайлон омӯхт. Форобӣ пас аз …

Муфассал »

ФОРМУЛАҲОИ ЭЙЛЕР

09

ФОРМУЛАҲОИ ЭЙЛЕР, формулаҳоеанд, ки функсияҳои тригонометриро тавассути функсияи нишондиҳандагӣ ифода мекунанд: Соли 1743 Л. Эйлер муқаррар кардааст.

Муфассал »

ФОРМУЛАҲОИ ТАҚРИБӢ

ФОРМУЛАҲОИ ТАҚРИБӢ, формулаҳои математикиеанд, ки аз формулаҳои навъи f(x)=f*(x)+ε(x) ҳосил мешаванд; ин ҷо ε(x) – аъзои боқимонда (саҳв, бузургии хурдест, ки баъди баҳо додани саҳеҳӣ партофта мешавад). Масалан, формулаи тақрибии (1 + х2) ≈ 1 + 2х аз формулаи дақиқи (1 + х)2 = 1 + 2х + х2 ҳангоми …

Муфассал »

ФОРМУЛАҲОИ КВАДРАТУРӢ

ФОРМУЛАҲОИ КВАДРАТУРӢ, формулаҳоеанд, ки барои тақриби ҳисоб кардани интегралҳои мӯайян (аз рӯи қиматҳои функсияи таҳти интетралӣ дар нуқтаҳои миқдорашон охирнок) истифода мешаванд. Формулаи росукунҷаҳо, Формулаи трапесияҳо, Формулаи Симпсон мисолҳои формулаи химиявӣ мебошанд.

Муфассал »

ФОРМУЛАИ ХИМИЯВӢ

ximiya

ФОРМУЛАИ ХИМИЯВӢ. бо аломатҳои химиявӣ ва ададҳо ифода намудани таркиб ва сохти молекуларо гӯянд. Формулаи химиявӣ эмпирикӣ ё брутто — формулаҳо (миқдори умумии атомҳоро дар молекула нишон медиҳад), расионалӣ (дар он гуруҳи атомҳои мансуби пайвастҳои мазкур нишон дода мешавад) ва структурӣ (ҷойгирии атомҳоро дар молокула нишон медиҳад) мешавад. Масалан, формулаи …

Муфассал »