Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФОСФОРОБАКТЕРИН

ФОСФОРОБАКТЕРИН, як навъ нурии бактериявиро гӯянд, ки дар таркиби он спораҳои микроорганизмҳо ҳаст. Спораҳои микроорганизмҳо моддаҳои органикии фосфор, дорро ба пайвастҳое табдил медиҳанд, ки растанӣ онҳоро ба осонӣ азхуд мекунад. Фосфорбактеринро барои ҳама гуна зироати хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд.

Муфассал »

ФОСФОРИТҲО

fosforit-o

ФОСФОРИТҲО, ҷинсҳои кӯҳии таҳшиниро гӯяид, ки аз фосфатуо (асосан апатит) боянд. Фосфоритҳо 5—34% Р2О5 дорад. Фосфоритҳо одатан дар шакли ғурӯша дар байни ҷинсҳои таҳшинӣ ва дар шакли ҷисмҳои қабат-қабат вомехӯранд. Онҳоро бештар барои истеҳсоли нурҳои фосфордор истифода мебаранд.

Муфассал »

ФОСФОР

fosfor-3

ФОСФОР (лотинӣ рhosporus), Р, элементи химиявии гурӯҳи V системаи даврии Менделеев, рақами атоми 15, массаи атомӣ 30,97376. Номаш аз юнонӣ рhosphoros — нурбароранда. Чанд навъ аст: Фосфори сафед (зичиаш 1,83 г/см3, t гудозиш 44,1°С), фосфори сурх (зичиаш 2,3 г/см3, t гуд. 590°С) ва ғайра. Ф.-и с а ф е д …

Муфассал »

ФОСФИТҲО

ФОСФИТҲО, намакҳо ва эфирҳои кислотаи фосфит Н3PО3. Фосфитҳо (мас., NаНРО3 ва Nа2НРОз) моддаҳои кристаллианд. Эфирҳои кислотзи фосфит [(RО)3Р, (RO)2 РОН ва RОP(ОН)2] моддаҳои моеъ ё сахтанд. Фосфитҳо ро чун стабилизаторҳо, энтиоксидантҳои полимерҳо, нимноқилҳо, инчунин дар истеҳсоли пайвастҳои органикии фосфор истифода мебаранд.

Муфассал »

ФОСФИДҲО

ФОСФИДҲО, пайвастҳои химиявии фосфор бо металл. Фосфидҳо моддаи кристаллианд; аз таъсири об ва кислотаҳо зуд таҷзия шуда, фосфин ном моддаи заҳрӣ ҷудо мекунанд. Баъае фосфидҳо (InР, GаР)-ро чун масолеҳи нимноқилӣ, фосфидҳои руҳ (ZN3Р2) чун зооcид истифода мебаранд.

Муфассал »