Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФРЕОНҲО

ФРЕОНҲО, хладонҳо, номи техникии як гурӯҳ карбогидридҳои ҳадноки галогендорро гӯянд, ки ба сифати моддаҳои сардкунанда дар яхдонҳо истифода мешаванд. Фреонҳо газҳои берангу бӯй ё моеъ буда, дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ва дар об бад ҳал мешаванд. Масалан, ССI2Ғ2 (ф-12), газ, t ҷӯшиш. 29,8°С; ССI3Ғ (ф-11) моеъ, t ҷӯшиш 23,8°С; Фреонҳо …

Муфассал »

ФРЕНЕЛ Огюстен Жан

ФРЕНЕЛ (Ғrеsnеl) Огюстен Жан (10. 5. 1788, Броля —44. 7. 1827, Вил-д’Авре, назди Париж), физики франсавӣ, яке аз асосгузорони оптикаи мавҷӣ. Аъзои Академияи Фанҳои Париж (аз соли 1823) ва аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (аз соли 1825). Дар асоси фарзияи хосияти мавҷӣ доштани рӯшноӣ назарияи интерференсия ва дифраксияро ба вуҷуд овард. …

Муфассал »

ФРЕЙМАН Александр Арнолдович

ФРЕЙМАН Александр Арнолдович ((22. 8. 1879, Варшава —19. 1. 1968, Ленинград), эрошпиноси сове- тӣ, аъэо-корр. АФ СССР (1928), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1949). Аз оилаи хизматчӣ. Баъди хатми университети Петроград (1903) барои омӯзиши забонҳои эронии қадим ба Германия рафт. Аз соли 1917 дар университети Петроград дарс мегуфт ва аз …

Муфассал »

ФРАНСИЯ

1372258

ФРАНСИЯ (Ғrance), Республикаи Франсия (Republicue Ғгаncaise), давлатест дар Европаи Ғарбӣ. Аз ғарб ва шимол бо халиҷи Бискай ва гулугоҳи Ла-Манши уқёнуси Атлантик, аз ҷануб бо баҳри Миёназамин (халиҷи Лиоя ва баҳри Лигурия) иҳота шудааст. Масоҳаташ 551 ҳазор км2. Аҳолиаш 55,4 млн нафар (январ 1985), 93% аҳолӣ франсавиҳо, аҳолии шаҳрӣ беш …

Муфассал »

ФРЕЙДИЗМ

ФРЕЙДИЗМ, номи умумии мактабу ҷараёнҳои мухталифро гӯянд, ки ҳодисаҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятиро аз мавқеи таълимоти фалсафию антропологӣ ва психологии З. Фрейд шарҳ медиҳанд. Он аз таҷрибаи психологӣ ҳамчун методи таҳқиқи беихтиёронаи ҷараёни психикӣ фарқ мекунад. Дар таълимоти таҷриоаи психологӣ омилҳои лоиродӣ на фақат ҳамчун асоси такомули фарди алоҳида, балки сабаби …

Муфассал »