Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФУНКСИОНАЛ

ФУНКСИОНАЛ, мафҳуми математикиест, ки сараввал дар ҳисоби вариационӣ ба вуҷуД омадааст ва бузургии тағйирёбандаи ба функсия (хат) ё ба якчанд функсия вобастаро ифода мекунад. Бо инкишофи таҳлили функсионалӣ маънои истилоҳи «Функсионал» васеъ шуд. Ҳоло ин мафҳум функсили ададиеро ифода мекунад, ки дар ягон фазои ҳатмӣ муайян шудааст.

Муфассал »

ФУНГИСИДҲО

ФУНГИСИДҲО (аз лотинӣ fungus занбӯруғ ва саеdо — мекушам), моддаҳои химиявист (моеъи бордо, хлороксиди мис, каптан, маҳлули оҳаку сулфур, коллоиди сулфур, формалин, грапозан ва ғайра), ки ба муқобили касалиҳои занбӯруғии растаниҳо истифода мешаванд. Ба растанӣ, тухмӣ, кӯчат, хок, анборҳои сабзавот ва ғайра асосан маҳлули 0,5— 2-фоиза ва баъзан хокаи фунгисидҳоро …

Муфассал »

ФУМИГАНТҲО

ФУМИГАНТҲО (аз лотинӣ fumigo — дуд мекунам), воситаҳои химиявиеро гӯянд, ки бо усули фумигасия барои маҳви зараррасонҳои хоҷагии қишлоқ ва касалиангезҳои растанӣ ба кор мебаранд; мансуби пестисидҳо. Дар анборҳо, гармхонаҳо, парвардахонаҳо истифода мебаранд. Фумигантҳоро барои коркарди дон, меваю сабзавот низ кор мефармоянд. Фумигасияро бо мошинҳои махсус анҷом медиҳанд.

Муфассал »

ФУЗАРИОЗИ ПАХТА,

paxta

ФУЗАРИОЗИ ПАХТА, як навъ касалии ниҳоли пахтаро гӯянд, ки занбӯруғи ҷинси Ғusarium ба вучуд меоварад. Дар СССР ин касалиро бори аввал дар ниҳоли пахтаи маҳиниахи раёни Хуҷанд (1938), баъд Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёи Узбекистон (1940) ошкор кардаанд. Он вақтҳо аксари навъҳои пахтаи (маҳиннах (35—1,23, 2ИЗ ва ғайра) ба ин …

Муфассал »