Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАЛҚЧИЁНИ РЕВОЛЮСИОНӢ

ХАЛҚЧИЁНИ РЕВОЛЮСИОНӢ, иштирокчиёни ҳаракати озодихоҳӣ дар Россияи солҳои 70—90-и асри 19, сосиалистоли хаёлӣ. Аксарашон тарафдорони муборизаи фаъолонаи революсионии зидди мутлақият буданд. Охири солҳои 70 аксари халқчиёни революсиониро народоволчиён ташкил медоданд.

Муфассал »

ХАЛҚИЯТҲОИ БАДАХШОН

pamir

ХАЛҚИЯТҲОИ БАДАХШОН, тоҷикони Бадахшон (Помир), халқҳои эронинажоди Вилояти Автономии Бадахшони (ВЛБК)-и РСС Тоҷикистон (вахониҳо, ишкошимиҳо, шуғнониҳо, рушониҳо, баҷуйҳо, бартангиҳо, язғуломиҳо, Бадахшони РДА (асбагиҳо ва сангличиҳо), Райони Автономии Синзяну Уйғури РХХ (сарикӯлиҳо)-ро гӯянд. Аз ҷиҳати антропологӣ ба нажоди помиру фарғонагӣ мансубанд. Диндорои мусулмонони исмоилимазҳабанд. Дар оила ба забонҳои помирӣ гап мезананд. …

Муфассал »

ХАЛҚЧИГӢ

ХАЛҚЧИГӢ, идеология ва ҳаракати интеллигенсияи разночинӣ дар давраи буржуазӣ-демократии муборизаи озодихоҳӣ дар Россия (1861— 95). Манфиатҳои деҳқононро ифода мекард, муқобили крепостнойчигӣ ва тараққиёти капиталистии Россия, тарафдори бо роҳи револютсияи деҳқонон сарнагун кардани мутлақият буд. Xалқчигӣ як навъи утопияи сосиалистии деҳқонӣ ва ҷамоатӣ буд. Аз ибтидои солҳои 60 ду равия — …

Муфассал »

ХАЛФИН Нафтула Аронович

ХАЛФИН Нафтула Аронович (таваллуд 18. 10. 1921, Киев), муаррих ва шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои таърих (1962), профессор (1973). Аз оилаи коргар. Соли 1942 факултети филологияи Институти педагогии Осетияи Шимолиро хатм кавд. Аз соли 1957 дар Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР кор мекунад. Тадқиқоти Xалфин ба масъалаҳои сиёсати Россияи подшоҳи дар …

Муфассал »

ХАЛТУРИН Степан Николаевич

ХАЛТУРИН Степан Николаевич (21. 12. 1856 ё 2. 1. 1857, деҳаи Халевини (дертар Журавлии Боло) уезди Орлови губернияи Вятка, ҳозира раёни Халтурини вилояти Киров—3. 4. 1882, Одесса), коргари рус, революционер. Аз оилаи деҳқон. Тирамоҳи 1875 ба Потербург омада, дар корхонаҳои саноатии мухталиф кор кард, бо революсионерҳои халқчӣ алоқа барқарор намуд …

Муфассал »