Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАМРИЁТ

ХАМРИЁТ (аз арабӣ — май, шароб, бода), ашъореро гӯянд, ки дар васфи май, майгусорӣ, тарзи тайёр кардаии шароб, шароиту шартҳои истеъмоли сода, базмҳо ва ғайра эҷод шудаанд. Xамриёт дар адабиёти тоисломии араб [қисми насиби қасидаҳои Амр ибни Кулсум, Абӯмалик Ғиёс ибни Ғавс (640—710)) ба вуҷуд омада, баъдтар дар эҷодиёти Абӣнувос …

Муфассал »

Деҳаи ХАМИРҶӮҚ

ХАМИРҶӮҚ дехаест дар совети қишлоқи Ҳамробоеви раёни Конибодом, вилояти Ленинобод. Дар ҳудуди колхози ба номи Карл Маркс. Аз деҳа то район 8 км. Аҳолиаш 2370 нафар (1986). Соҳаҳои хоҷагӣ пахтаю сабзавоткорӣ ва кирмаку чорводорист.

Муфассал »

Ангури ХАМИРАК

angur

ХАМИРАК, як навъ ангури маҳаллист. Токаш мӯътадил месабзад. Баргаш 3—5-парра гулаш дуҷинса, вазни миёнаи хӯшдаш 300—350 г, донааш лӯнда, сабзи зардтоб, сершира (қандаш 21—24 фоиз), пӯсташ нафис (2-3- то тухм дорад). Даври нашваш 140 —145 рӯз. Аз хар га токзор 100— 120 с ҳосил меғундоранд. Асосан барои тархӯрӣ ва майкашӣ …

Муфассал »

ХАМЕФИТҲО

ХАМЕФИТҲО (аз юнонӣ сhamai — дар замин ва рhyton — растанӣ), растаниҳоеро гӯянд, ки муғҷаи рушди онҳо аз рӯи хок каме болотар (20—30 см) буда, одатан зимистон зери барф мемонад. Ба хамефитҳо патта (черника, мушкбед ва ғайра), нимпатта (масалан, сисанбар, бисёр навъҳои шибоғ), баъзе гиёҳҳои бисёрсола (масалан, зеленчук) ва ушна …

Муфассал »

ХАМБА

ХАМБА, кулӣ, ҷои махсусест, ки дар он орду ғалларо захира кунанд. Онро маъмулан дар анборхонаҳо (аз гаҷ, хишти хом, гил, чӯб) ба шакли охури мукааб месохтанд. Девораҳои хамбаро маҳкам карда, танҳо дар болояш ва девораи пешаш барои рехтану гирифтани маҳсулот сӯрохӣ мегузоштанд. Баъзан хамбаро бе сӯрохии паҳлӯӣ сохта, болояшро бо …

Муфассал »