Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАНОЗИР

ХАНОЗИР, тепкӣ, паротити вогирӣ (аз юнонӣ раrotis — варами баногӯш), илтиҳоби шадиди ғадудҳои баногӯшро гӯянд. Xанозир бемории вирусӣ буда, ба он асосан кӯдакон (аз 5 то 15-сола) гирифтор мешаванд. Xанозир бо ҳаво ҳангоми сулфа, атса ва гапзании бемор ба одами солим мегузарад.

Муфассал »

ХАМӢ

ХАМӢ, ҷойҳои чуқури хушкӣ, қаъри уқёнус ё баҳрро гуянд, ки шакли аксари онҳо мудаввар аст. Xамиҳои хушкӣ аз ҷиҳати пайдоиш тектоникӣ, вулқонӣ, эрозиявӣ, пиряхӣ, эолӣ, карстӣ ва омехта мешаванд. Дар қаъри уқёнус хамии зонаи гузаранда ва хамии буни уқёнус ҳастанд.

Муфассал »

«ХАМСА»

«ХАМСА», (панҷганҷ», унвони умумии панч, маснавии Низомии Ганҷавӣ аст, ки дар як муҷаллад фароҳам омадаанд. Маснавии якуми «Хамса» — «Махзан-ул-асрор» (1176) яке аз аввалин осори маноуми фалсафию ахлоқӣ ба забони форсӣ-тоҷикист. Маснавии дуюми «Хамса» — «Хусрав ва Ширин» (1181) —қиссаи ишқи фоҷиаомези Хусраву Ширинро дар бар гнрифтааст. Маснавии сеюми «Хамса» …

Муфассал »

«ХАМСА»

«ХАМСА» (арабӣ — панҷ, панҷгона), панҷ достони алоҳидаи як адибро гӯянд, ки дар як муҷаллад гирд оварда шудаанд. Анъанаи «хамса»-гӯӣ нахустин маротиба дар адабиёти форс-тоҷик пайдо шуда, баъди асрҳои 13—14 дар адабиёти дигар халқҳои Машриқзамин ҷорӣ гардидааст. Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик шахси номаълуме панҷ достони Низомии Ганҷавиро дар як ҷилд …

Муфассал »