Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАТИ ЮНОНӢ

greek_language1

ХАТИ ЮНОНӢ, хатест, ки аз он дар асрҳои 10—8 то мелод юнониёни қадим истифода мебурданд ва ҳоло бо андаке тағйирот дар забони ҳозираи юнонӣ нигоҳ дошта шудааст. Манбааш хати финиқист. Юнониён хати финиқиро ба забонашон моҳирона мутобиқ карда, бори аввал дар таърихи хат барои ифодаи садонокҳо ҳарфҳои алоҳидаро ворид намуданд, …

Муфассал »

ХАТИ ХОРАЗМӢ

ХАТИ ХОРАЗМӢ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони хоразмӣ истифода шудааст. Манбааш хати оромист. Ба хати суғди ва хати портӣ шабоҳат дорад. Қадимтарин осори он ба асрҳои 3—2 то мелодӣ тааллуқ дорад. Ҳуҷҷатҳои мансуб ба асрҳои 3— 4 ва 8, ки аз Тӯпроққалъа ба даст омадаанд, ҳамчунин катибаҳои …

Муфассал »

ХАТИ ФОРСИИ ҚАДИМ

ХАТИ ФОРСИИ ҚАДИМ, системаи хати ҳиҷоии мехист, ки аз он барои сабти осори забони форсии қадим истифода шудааст. Манбаъҳои пайдоиши хати форсии қадим аниқ муайян нагардидаанд. Ҷиҳати асосие, ки ин хатро ба хатҳои мехии эламӣ ва аккадӣ қаробат додааст, истифода шудани аломати мехмонанд чун унсури хат мебошаду бас. Шоҳ Дорои …

Муфассал »

ХАТИ ФИНИҚӢ

ХАТИ ФИНИҚӢ, як навъ хатест, ки финиқиҳо, карфагениҳо, яҳудиёни қадим ва дигар дар давлатҳои қадимии Финиқия, Сурия, Фаластин,қисман дар Миср, ҷазираи Кипр Киликия (вилояте дар Осиёи Хурд), Карфаген ва ғайра истифода мекарданд. Осори хати финиқӣ ба нимаи дуюми ҳазораи 2 то мелод— асри 4 то мелод мутааллиқанд. Сарчашмаҳои пайдоиши хати …

Муфассал »