Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХЕМОСИНТЕЗ

ХЕМОСИНТЕЗ (аз хемо… ва синтез), хемолитоавтотрофия, ҷараёнест, ки ҳангоми он баъзе бактерияҳо аз ҳисоби энергияи оксидшавии пайвастҳои ноорганики (аммиак, гидроген, пайвастҳои сулфур ва ғайра) аз дуоксиди карбон моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд. Бактерияҳои хемосинтезкунанда, растаниҳо ва микробҳои фотосилтезкунанда гурӯҳи организмҳои автотрофианд (организмҳое, ки аз моддаҳои ноорганикӣ — об, гази карбонат, пайвастҳои …

Муфассал »

Шаҳри ХЕРСОН

xerson

ХЕРСОН, шаҳр, маркази вилояти Херсони РССУкраина, бандари баҳрӣ дар резишгоҳн дарёи Днепр. Узели роҳи оҳан Аҳолиаш 340 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (аз он ҷумла киштисозӣ), коркарди нефт, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи бинокорӣ. 3 мактаби олӣ, 2 театр ва ғайра дорад. Соли 1778 бунёд ёфтааст; аз 1783— шаҳр, …

Муфассал »

ХЕМО…

ХЕМО…, ҷузъи калимаҳои мураккабест, ки ба химия ё ҷараёни химиявӣ тааллуқ доштани истилоҳро ифода менамояд.

Муфассал »

ХЕМОРЕСЕПТОРҲО

aud 288

ХЕМОРЕСЕПТОРҲО (аз хемо… ва ресепторҳо), ҳуҷайраҳои ҳассоси махсус ё қисми ҳуҷайра (масалан, нӯги асаб)-ро гӯянд, ки тавассути онҳо организми ҳайвоноту одам аз ангезандаҳои химиявӣ, аз ҷумла тағйироти мубодилаи моддаҳо бохабар мешавад.

Муфассал »

ХЕЛСИНКИ

helsinki_main-djuvnw9psgoq

ХЕЛСИНКИ (финӣ Неlsinki), Гелсингфорс (шведӣ Неlsingfors), пойтахти Финляндия. Дар соҳили халиҷи Фин воқеъ гаштааст. Калонтарин бандари мамлакат, узели роҳҳои нақлиёт. Аҳолиаш 485 ҳазор нафар (4985). Маркази асосии саноати мамлакат. Мошинсозӣ (киштисозӣ, электротехника, электроника, асбобсозӣ), саноати бофандагӣ, химия, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, хӯрокворӣ (қаннодӣ, спирту арақ, ордкашӣ, тамоку) ва чинию фаянс ривоҷ …

Муфассал »