Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Мисик Василий Алек­сандрович

1

Мисик Василий Алек­сандрович (таваллуд 24. 07. 1907, деҳаи Новопавловка, хозира pайонини Межевский, вилояти Днепропетровск), шоири советии украин. Шӯъбаи форсии Техникуми шарқшиносӣ (1932) ва факултети физика ва математикаи Университети Харковро тамом кардааст (1956— 1957). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аввалин шеърҳояш соли 1923 нашр шудаанд. Дар маҷмуъа «Гиёҳҳо» (1927) андешаҳои файласуфонаи шо­ир …

Муфассал »

Мсхета

1

Шаҳри қадима дар ҳудуди РСС Гурҷистон. Бошишгоҳҳои аввалин дар Мсхета ба ҳазораи 2 то мелод тааллуқ доранд. Мсхета то асри 6 пойтахти Иберия (Гурҷистони Шарқӣ), баъд­тар маркази дин дар Гурҷистон буд. Аз соли 1937 дар террериторияи Мсхети мунтазам ҳафриёти археологӣ гузаронида ме­шавад. Дар қисми шимолии шаҳр қабристоне кофта шуд (ҳазораи …

Муфассал »

Муҷум

1

Деҳа, маркази Совети қишлоқ Муҷум ва колхози «Победа»-и pайони Ғонҷӣ, вилояти Ленинобод . Аз Муҷум  то маркази район 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2740 нафар (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, китобхона, шуъбаи алоқа, нуқтаҳои хизмати маишӣ (сехҳои сартарошӣ, пойафзолдузӣ, либосдузӣ) дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — боғдори, ғаллакорӣ, чорводорӣ. …

Муфассал »

Муҷтаҳид

1

Дар асрҳои миёна  илоҳиётшинос ё фақеҳеро мегуфтанд, ки оид ба масъалаҳои дину фиқҳ (иҷтиҳод) ҳукм мебарованд ва нисбат ба дигарон афзалият ва ҳаққу ҳуқуқи махсус дошт. Масалан, асосгузорони чор мазҳаби суннӣ Муҷтаҳид буданд. Дар асри 10 вазифаи Муҷтаҳидро қисман муфтиҳо иҷро мекарданд. Дар равиян шиа Муҷтаҳид рӯҳонии олимақомест, ки обрӯ …

Муфассал »

Муҷтас

1

Номи яке аз баҳрҳои фаръии арӯз. Ин баҳрро барои он Муҷрим меноманд, ки шакли мусаддаси онро аз хафиф барканда гирифтаанд. Шакли мусаддаси рукнҳои Муҷрим ва рукнҳои солими баҳри ҳафиф ба ҳам монанд буда, фақат аз ҷихати тартиби ҷойгириашон фарқ мекунанд. Агар дар ҳафиф рукни мустафъилун дар байни ду фоилотун омада …

Муфассал »