Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Мӯрияк

2

Деҳаест дар Совети қишлоқ Росровути pайони Ғончӣ, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Қалъаи Дӯст». Аз Мӯрияк то маркази Совети қишлоқ 8 км, то район 49 км; роҳ  асфалтпӯш. Аҳолиаш 690 нафар (1981), тоҷикон. Пункти тиббӣ до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғалла- корию чорводорӣ. Заминҳо аз оби сои Росровут обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Мӯрдиҳо

2

Мӯрдиҳо, (Myrtaceae), оилаи рас­таниҳои дупалагии дарахтӣ, бутта ё буттачаҳои аксар ҳамешасабз. Бар­ги оддии муқобили ҳамдигар (баъзан пай дар пай) ҷойгиршуда ва донакмева доранд. Гулашон дуҷинсаи актиноморфӣ буда, бештар дар хӯшагул ҷойгир шудааст. Косабарг ва гулбаргашон 4—5-тоӣ; гардбаргашон бисёр аст. Қариб 100 ҷинсу 3000 намудашон асосан дар мивтақаҳои тропики ва субтропикии …

Муфассал »

Мурд

2

Мурд, (Myrtus), ҷинси растаниҳои буттагӣ ё дарахтии ҳамешасабз аз оилаи мӯрдиҳо. Баргҳои муқобили ҳамдигар ҷойгиршуда, гули аксар тоқаи дуҷинсаи актиноморфӣ ва ғуҷуммева дорад. Қариб 100 намудаш бештар дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии Америка ва қисман Евросиё, Африка, Австралия ва Зеландияи Нав мерӯяд. Як намуди Мурд (М. communis)-po (ниг. расм) аз …

Муфассал »

Мура

2

Мура, ағбаест дар қисми марказии қаторкӯҳи Ҳисор, дар ҳудуди РСС Тоҷикистон.  Баландиаш 3787 м аз сатҳи баҳр. Аз нишебии шимолӣ ағба дарёи Замбар (шохоби дарёи Саритоғ, ҳавзаи Искандаркӯл) ва аз нишебии ҷанубиаш дарёи Қаротог (шохоби чапи Сурхондарё) ибтидо меёбад. Мура ағбаи пиёдагард аст. Ба воситаи он рамаҳои гӯсфанд ба чарогоҳҳои …

Муфассал »

Мӯр

2

Мӯр, (Ocneria (Porthetria ё Ly- mantria) dispar), кирминаи шапала­ки зараррасони хоҷагии қишлоқ.  Махусусан ба буттаву дарахтон зарари калон ме­расонад. Шапалаки нарина ва модинаи Мӯр бо рангу ҳаҷм ва сохти мӯйлабча аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Паҳноии боли шапалаки модина 9 см (наринааш 5 см), рангаш сафеди тира ё сафеди зардтоб; боли …

Муфассал »